Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДДАИ ТАЪРИХ

МОДДАИ ТАЪРИХ

moddai-tarikhМОДДАИ ТАЪРИХ ка­лима, ибора, мисраъ ё байте, ки аз он ба хисоби абчад санаи вокеае берун меояд. Шоири асри 15 форс-точик Мактабии Шерози таърихи итмоми «Лайли ва Мачнун»-и худро ин тавр баён кардааст:

Чун Мактаби ин китоб бикшуд,

Таърих «китоби Мактаби» буд.

Моддаи таърих ибораи «китоби Мактаби» мебошад, ки агар кимати харфхои онро ба хисоби абчад чамъ кунем, аз он санаи дилхохи муаллиф, ки солп 895 д. ц. (мутобики 1489 м.) аст, берун меояд, яъне:

J = 20 + о = 400 +l = l’+ v = 2 + + f = 40+J=20 + ^> = 400 + *-» = = 2 + iS = Ю чамъ 895. То маъмул гардидани абчад ва даврахои аввали он низ дар адабиёти форс-точик таърихгун маъ­мул буд, вале бештар матлабро бо сухан баён мекарданд. Низомии Ганчави таърихи итмомн «Хафт пайкар»-ро (14 рамаэони 593 д. н — = 1197 м.) ин тавр зикр кардааст: Аз паси лонсаду навад се бар он гуфтам ин номаро чу номварон.

Руз буд чордах зи мохи сиём,

Чор соат зи руз рафта тамом.

Моддаи таърих гуфтан ба коидаи абчад аз чумлаи санъатхои шеърин адабиёти форс-точик буда, чун дигар навъхои санъати маънавию лафзии шеър тадричан ру ба мураккаби овардааст. Mac., Моддаи таърихи манкут аёмуъчама он аст, ки танхо аз харфхои нуктахои араби (бе, те, се, чим ва г.) таркиб меёбад ва Моддаи таърихи гайри манкута ё мучмала он, аст ки факат аз харфхои бенукта (алиф, де ро, син, ва г.) ба хам меояд. Моддаи таърихи муттасил он аст, ки танхо аз харфхои часпанда (бе, лом, мим, нун ва г.) таркиб ме­ёбад ва Моддаи таърихи мунфасила он, ки факат аз харфхои душакла (алиф, ро, дол, зол ва г.) ба хам меояд. Гайр аз ин Моддаи таъриххое низ хастанд, ки дар асоси санъатхои тансиф (нисф кардан), тал мед, муаммо, тарчума ва г. сохта шудаанд. Дар асрхои охир Моддаи таърихое дучор меоянд, ки агар соли таваллуди шахсеро ифода кунанд, чизе бар он афзудаанд, вале вафотро дар бар гиранд, чизе аз он костаанд. Порчаи манзумеро, ки дар зимнаш Моддаи таърих меояд,

Китъаи таърих меномаид. Шоироне хастанд, ки ба навиштани китъаи таърих машхуранд, мас.,

Акбари Бухорои.

Ад.: Асадуллоев С., Окилов М., Абчад ва таъриххо, Д., 1972; Атоулло Махмуди Хусайни, Бадоеъ-ус-саноеъ, Д., 1974. У. Той рох.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.