МИРЗОЗОДА Холик (таваллуд 11. 5, 191.1, дехаи Равонаки Самарканд), мунаккид ва адабиётшиноси советии точик. Аз оилаи дехкони камбагал. Аълочии маорифи халк (1948), Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби РСС Точикистон (1958), Доктори илмхои филологи (1968), профессор (1969). Aъзои КПСС аз соли 1946. Пас аз хатми Университети Самарканд (1935) ба Душанбе омада, ба сифати муаллими мактабхои миёна, оли ва ходими илми кор кардааст. Директори Институти забон ва адабиёти АФ РСС Точикистон (1958—59) буд. Аз соли 1947 мудири кафедраи адабиёти Институти давлатии педагогии Душанбе.
Маколахои илмию танкидиаш аз соли 1934 чоп мешаванд. Доир ба масъалахои мухими адабиёти классики ва советии точик, даврахои адабиёт, назми гузашта ва имрузаи точик, акидахои прогрессивии адабиёти форс-точик тадкикоту маколахои зиёде дорад. Дар маколаву рисолахои тадкикотии у—«Ачай» (1935), «Aхмади Дониш» (1936), «Носири Хисрав» (1940), «Шамсиддин Шохин» (1956), «Рудаки — асосгузори адабиёти классикии точик» (1958), Хабиб Юсуфи» (1960), «Садриддин Айни—аввалин адабиётшиноси советии точик» (I960), «Мирсаид Миршакар» (1962, 1982), «Анъана ва навовари дар назми А. Лохути» (дар китоби «Ёдбуди Лохути», 1974) аз хаёт ва фаъолияти адибони гузаштаю муосир, мавкеи онхо дар таърихи адабиёт сухан меравад.
Асархои Мирзоев «Ахамияти адабиёт дар тарбияи атеисти» (1961),* «Акидахои зиддидини дар адабиёти точик» (1966) оид ба роли адабиёт дар пропагандаи атеисти бахс мекунанд. Дар таълифи «Намунахои адабиёти точик» (1940) ва «Очерки таърихи адабиёти советии точик» (1957) Хамкори намуда, яке аз муаллифони китобхои дарсии «Адабиёти Ватан» (барои синфи 5, аз 1941), «Адабиёти точик» (барои синфи 9, аз 1952), «Адабиёти советии точик» (барои синфи 10, аз 1951) мебошад. Таълифи нахустин китоби дарсии «Таърихи адабиёти точик» (асрхои XIII—XV) барои мактабхои оли ба калами Мирзоев тааллук дорад. «Мунтахаби девон»-и Хофизи Шерози (1957), «Мунтахаби ашъор»-и Шохин (1959), «Куллиёти мунтахаб»-и Убайди Зокониро ба чоп тайёр намудааст Аз соли 1944 узви ИН СССР. Во якчанд медалхо мукофотонида шудааст,
Ос.: Шамсаддин Шохин, Сталинобод, 1956′ Хаёт аз нуктаи назари адабиёт. Д., 1973; нуктаи назари зиддидини дар адабиёти точик, Д., 1978; Афкори рангии, Д., 1982.