МИГДАЛ Аркадий Бейвусоввч (таваллуд 11. 3. 1911, Лида, хозира вилояти Гродно), физики совети, акад. АФ СССР (1966; аъзо- корр. 1953). Соли 1936 Университетти давлатии Ленинградро хатм намуд. Солхои 1943—45 дар Институти проблемахои физикии АФ СССР, 1945—71 дар Институти энергияи атом кор кард; аз 1971 инчониб дар Институти физикаи назариявии АФ СССР. Дар айни замон профессори Институти инженерию физикии Москва (с 1944). Назарияи афканиши диполи ва квадруполии ядро ва назарияи ионизацияшавии атомхоро дар чараёни реакцияхои ядрои инкишоф дод. Таъсири пароканиши бисьёркаратаро ба афканиши тормози омухт. Муаллифи усули халли масъалаи квантии чанд чисмхо мебошад. Назарияи фавкуннокилиятро дар тадкики масъалахои физики, ки ба сохти ядро оиданд, татбик карда, моментхои инерцияи ядрохои чуфт ва токро хисоб кард. Дар асоси назарияи квантии майдон назарияи микдории ядроро ба вучуд овард. Проблемаи воляризацияи вакуумро дар майдонхои пуршиддати магнити тадкик кард. Бо ордени Ленин, ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст.