Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕНДЕЛЕЕВ

МЕНДЕЛЕЕВ

mendeleevМЕНДЕЛЕЕВ Дмитрий Иванович (8. 2. 1834, Тобольск —2. 2. 1907, Петербург), химики рус, кошифи конуни даврии элементхои химияви, олим, педагог ва ходими чамъияти. Соли 1855 шуъбаи табиатшиносии Институти педагогии Петербургро хатм кардааст. Соли 1856 дар Университети Петербург дисс. магистри химоя намуда, солхои 1857 —58 дар худи хамин чо аз химияи органики дарс гуфтааст. Менделеев солхои 1859—61 ба Гейдельберг рафта, дар лабораторияи Р. Бунзен кор кард. Соли 1861 китоби дарсии «Химияи органики»-ро нашр намуд, ки сазовори Мукофоти ба номи Демидови АФ Петербург гардид.

Менделеев солхои 1864—66 профессори Институти технологии Петербург буд. Соли 1865 дар мавзуи «Омехташавии спирт ва об» дисс, доктори химоя намуд ва хомон сол профессори Университети Петербург таъин шуд. Менделеев аз соли 1876 аъзо-корр. АФ Петербург, солхои 1890—95 мушовири лабораторияи илмию техникии Вазорати бахри, аз соли 1892 корманди Умури вазн ва чозиба буд. Соли 1893 Палатаи калони вазн ва чозиба (холо Институти тадкикоти илмии метрологияи ба номи Д. И. Менделеев)-ро ташкил намуд ва то охири умр рохбари он буд. М. доир ба масъалахои асосии химия, технологияи химияви, физика, метрология, хавопаймои, метеорология, хочагии кишлок, иктисодиёт, маорифи халк ва г. зиёда аз 500 асар эчод кардааст. Вай ташкилкунандаи чамъияти химикхои рус (холо чамъияти умумииттифокии химикхо ба номи Д. И. Менделеев) мебошад. Менделеев соли 1869 пас аз чустучуихои зиёди илми конуни даврии элементхои химиявиро кашф намуд (ниг. Конуни даврии Менделеев). Менделеев дар «Асосхои химия»-и худ химияи гайриорганикиро аз нуктаи назари конуни даври баён намуд. Менделеев дар асоси таълимот дар бораи таъсири мутакобили халкунанда ва моддаи халшаванда назарияи химиявии халкунандахо (назарияи гидрати)-ро тахия кард. Солхои 1860—61 вучуд доштани бо ном «харорати мутлаки чуши моеъ»-ро тахмин кард, сонитар онро харорати бухрони мегуфтаги шуданд. Соли 1874 муодилаи холатро барои як моль гази идеали пешниход намуд. Дар сохаи метрология низ ба калами Менделеев як катор тадкикот мансуб аст. Чунончи, вай назарияи дакики тарозуро тахия намуда, тарзу услуби аники баркашиданро кор карда баромадааст. Соли 1888 назарияи газификацияи зеризаминии ангиштсангро кашф кард. Соли 1890 хели нави борути сиёхро хосил намуд ва соли 1892 истехсоли онро ба рох монд.

Менделеев аз руи акидахои фалсафиаш материалисти стихиявист. У объективи будани конунхои табиат, донисташавандагии онхо, зарурияти ба манфиати инсоният истифода бурдани ин конунхоро таъкид мекард. Менделеев хангоми дар кайди хаёт буданаш дар бисьёр мамлакатхо маълуму машхур шуда, ба бештар аз 130 диплом ва унвонхои фахрии академияхо, чамъияти олимон ва донишкадахои олии русу хоричи мушарраф гардида буд.

АФ СССР Мукофоти ба номи Д. И. Менделеевро таъсис кардааст, ки он барои корхои бехтарин дар сохаи химия ва физика дода мешавад. Институти технологияи химияи Москва, Институти давлатии педагогии Тобольск, каторакухи зериоби дар укёнуси Яхбастаи Шимоли, вулкони амалкунанда дар чазираи Кунашир (дар чаз-хои Курил), як минерал («менделеевит»), киштии тадкикоти океанографияи АФ СССР номи Д. И. Менделеевро гирифтаанд. Дар СССР оид ба химияи умуми ва амали Съездхои менделееви ва дар Ленинград хар сол (аз соли 1939 ин чониб) Хонишхои Менделееви гузаронида мешаванд. Дар бинои Университети давлатии Ленинград (собик хонаи М.) музей ва архиви Д. И. Менделеев ташкил карда шудааст. Соли 1955 олимони Америка (Г. Сиборг ва диг.) элементи 101-ро кашф намуда, ба шарафи Менделеев «менделевий» (Md) номиданд. Соли 1964 номи Менделеев дар катори бузургтарин олимони чахон дар лавхаи фахрии илмии Ун-ти Бричпорт (штати Коннектикут ШМА) навишта шуд.

Ас.: Соч., т. 1—25, М.—Л., 1934—1954; Избранные лекции по химии, М., 1968.

Г. П. Менглет дар ролхо: Сергей («Леди Макбети уезди Мцеиский» аз руи повести Н. С. лесков); Махонии («Кафк»-и С. Михалков).

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …