Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МЕХРГОН

МЕХРГОН

МЕХРГОН яке аз кадимтарин идхои фасли сол аст, ки дар байни кавмхои эрони расм шудааст. Баробари инкишофи дехкони ва чори гаштани таквими дехкони пайдо шудааст. Мехргон иди хосилот аст, ки ру­зи эътидоли тирамохи огоз меёбад. Мехргон рузи шонздахум — рузи мехри мохи хафтуми соли шамси — мехрмох, ки эрониёни кадим онро муборак шумориданд мекарданд ва он рузро Мехргон меномиданд (бино ба достонхои кадими, гуё рузи хабс шуда­ни Заххок дар кухи Дамованд буда­аст), ба 23 сентябр— 22 октябр таквими Григорианй рост меояд. Дехконон дар хамин руз ба чамъоварии галла шуруъ мекарданд. Навруз огози кишту кор бошад, Мехргон хамчун рузи нахустини чапмъоварии галла чашн гирифта мешуд. Ба кайди М. тайёри медиданд, хашархо мегузарониданд, сару либоси нав медухтанд, сайлу базмхо ташкил мекарданд. Баъди Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь дар байни дехколони колхозии Осиёи Миёна, аз чумла точикон, ба чой Мехргон анъанахои нав, ба мисли иди хосилот ва г. пайдо ва пойдор шудаанд.

А. Э. Неъмати.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …