Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕХАНИКА

МЕХАНИКА

mekhanikaМЕХАНИКА [аз юн. mechanike (techne) — илм дар боби мошинхо, хучари сохтани мошинхо), илмест дар бораи харакати, механикии чисмхои материали ва таъсирхои мутакобиле, ки дар ин маврид байни чисмхои мазкур ба амал меоянд. Харакати механики гуфта дар фазо бо мурури замон нисбат ба хамдигар тагйир ёфтани вазъияти чисмхо ё заррахои онхоро меноманд. Чунончи: харакати чисмхои осмони, лаппиши кишри Замин, чараёни хаво ва бахр харакати хароратии молекулахо, харакати аппаратхои гуногуни паришу воситахои наклиёт ва г. Хамчун Механика одатаи Механикаи классикиро мефанманд, ки асоси онро конунхои механикаи Ньютон ташкил медиханд ва он харакати хама гуна чисмхои материалии суръаташон аз суръати нур паст (ба гайр аз заррахои элементари)-ро тадкик мекунад. Харакати чисмхои суръатхошон ба суръати нур наздикро наварили нисбият, ходисахои дохили атом ва харакати заррахои элементариро бошад, механикаи кванти меомузанд.

Дар вакти омухтани чисмхои материали Механика аз як катор мафхумхои абстракти истифода мебарад, ки ин ё он хосияти чисмхои реалиро инъикос мснамоянд: 1) нуктаи материали — объекти андозааш ночиз, ки масса дорад; ин мафхумро дар сурати нисбат ба масофахои тайкардаи нуктахои чисми мутахаррик назарногир будани андозахои он истифода бурдан мумкин аст. 2) Чисми мутлак сахт — чисме, ки масофаи байни ду нуктаи дилхохи он хамеша бетагйир мемонад; ин мафхум факат дар сурати ба назар нагирифтани деформацияи чисм ба кор меояд. 3) Мухити яклухти тагйирёбанда; ин мафхум хамон вакт татбикпазир аст, ки агар хангоми омухтани харакати мухити тагйирёбанда (чисми деформацияшаванда. моеъ, газ) сохти молекулавии ин мухитро ба назар нагирем.

Хангоми омухтани мухитхои яклухт тачрид (абстракция)-хои зеринро кабул мекунанд, ки дар шароити муайян мухимтарин хосият ё чихатхои чисмхои вокеиро инъикос мекунанд. Вобаста ба хамин Механикаро ба Механикаи нуктаи материали, Механикаи система нуктахои материали, Механикаи чинсии мутлак сахт ва Механикаи мухити яклухт чудо мекунанд; механикаи мухити яклухт дар навбати худ ба назарияи чандири, назарияи пластики, гидромеханики, аэромеханика, динамикаи газ ва г. чудо мешавад. Дар хар кадоми ин фаслхо вобаста ба характери масъалахои халшаванда статика (таълимот дар бораи мувозинати чисмхо дар зимни таъсири куввахо)» кинематика (таълимот дар бораи хусусиятхои геометрии харакати чисмхо) ва динамика (таълимот дар бораи харакати чисмхо дар зимни таъсири куввахо)-ро фарк мекунанд. Динамика 2 масъалаи асоси дорад: ёфтани куввахое, ки бо таъсири онхо харакати мазкури чисм ба амал омада метавонад ва муайян кардани харакати чисм дар сурати маълум будани куввахои ба он таъсиркунанда.

Барои халли масъалахои Механика усулхои гуногуни математики истифода мешаванд, ки бисёрашон ба туфайли Механика пайдо шуда, инкишоф ёфтаанд. Конунхои асоси ва принципхоеро, ки харакати механикии чисмхо ба онхо тобеъанд, инчунин теоремахою муодилахои умумиеро. ки аз ин коидахову принципхо бармеоянд, Механикаи умуми ё назарияви меомузад. Назарияи лаппишхо, назарияи устувории мувозинат ва устувории харакат, назарияи гороскоп, механикаи чисмхои массаашон тагйирёбанда, назарияи танзими автомати (ниг. Идораи автомати), назарияи зарба аз фаслхои мухим ва мустакили Механика мебошанд.

Механика бо бисьёр фаслхои дигари физика робитаи зич дорад. Як катор мафхум ва методхои Механикаро дар сурати ба онхо додани шаклу мазмуни чомеъ дар оптика, физикаи статиста, Механикаи кванти, электродинамика, назарияи нисбият ва г. истифода бурдан мумкин аст. Гайр аз ин, хангоми халли як катор масъалахои динамикаи газ, назарияхои таркиш, гармиивазшави дар моеъхои мутахаррик ва газхо, аэродинамикаи газхои тунук, гидродинамикаи магнити ва г. дар як вакт хам методу муодилахои М.-и назарияви ва хам мувофикан методу муодилахои термодинамика, физикаи молекулави, назарияи электр ва г. истифода мешаванд. Механика барои бисьёр фаслхои астрономия, алалхусус механикаи осмони ахамияти калон дорад.

Кисми бевосита бо техника алокаманди Механикаро илмхои сершумори умумитехники ва махсус: гидраехика, муковимати материалхо, кинематикал механизмхо, динамикаи моилии ва механизмон, назарияи олоти гироскопи, баллистикаи беруни, динамикаи мушакхо, назарияи харакати воситахои гуногуни наклиёти руизамини, бахри ва хавои, назарияи танзим ва идораи харакати объектхои гуногун, Механикаи бинокори ва г-хо ташкил медиханд, ки хамаашон аз муодила ва усулхои Механикаи назарияви истифода мебаранд. Хамин тарик, Механика яке аз асосхои илмии бисёр сохахои техникаи замонави мебошад.

Механика яке аз илмхои кадимтарин ба шумор меравад. Вай пайваста ба тараккиёти куввахои истехсолкунанда, талаботи амалия пайдо шуда, минбаъд инкишоф ёфтааст. Ахромхои Мисри Кадим, бокимондахои иншоотхои азим дар Бобулистон, Хитой, Хоразм, Сурд ва Эрон шохиди онанд, ки дар бунёд кардани ин гуна иншоотхо «мошинхои одди»—фашанг, фона, хамвории моил, гарйара ва г. истифода шудаанд. Аввалин рисолахои доир ба Механика, ки то давраи мо расидаанд, асархои натурфалсафии Арасту (а. 4 то м.) ба хисоб мераванд (худи истилохи «Механика»-ро ба илм Арасту чори кардааст). Асосхои илмии статикаро Архимед (а. 3 то м.) гузоштааст. Доир ба мувозинати ашколи хамвор ё марказхои вазнинии ашколи хамвор «Дар бораи чисмхои шинокунанда», «Мактуб ба Эратосфен» ном асархои у ба мо дастрас шудаанд. Дар инкишофи минбаъдаи статика сахми И. Неморарий (такр. а. 13), Леонардо да Винчи (а. 15), олими голланди Стевин (а. 16) ва алалхусус олими франсави П. Вариньон (а. 17) калон аст. Олими франсави Л. Пуансо назарияи куввахои чуфтро кор кард ва дар асоси он статикаро ташаккул дод (1804). Принципхои асосии кинематикаро олимони кадим Евдокси Книди (а. 4 то м.), Афлотун, Аполлони Перги, Гиппарх, Батлнмус (Птолемей), Никомед (а. 2 то м.) ва Арахит кор кардаанд. Дар асрхои миёна ба тараккиёти минбаъдаи механика асосан мухаккикони Машрикзамин хисса гузоштаанд. Олимони Шари Банн Мусо, Собит ибни Курра, Абурайхони Беруни, Абуабдуллох Юсуфи Хоразми, Ибни Сино, Умари Хайём ва диг. низ ба халли масъалахои гуногуни М. машгул шудаанд. Мас., яке аз бобхои китоби дуюми («Мифтохулулум» (калиди илмхо)-и Абуабдуллох Юсуфи Хоразми (а. 10) ба Механика оид аст. Собит ибни Курра дар «Китоб-ан-иликарастун» (китоб дар бораи тарозуи якпалла) ном асараш назарияи баркашидани моддахоро баён кардааст. Беруни, Хайём усулхои муайян кардани вазни хоси фулузот ва чавохиротро кор карда баромадаанд. Ибни Сино дар фасли физикаи «Донишнома» мафхуми харакатро маънидод намудааст. Моделхои кинематикии харакати ситорахо дар рисолахои Собит ибни Курра, Ибни Сино ва Беруни шарх ёфтаанд.

Асосхои илмии динамика ва якчоя бо он худи илми М. а. 17 ба вучуд оварда шуд, зеро инкишофи муносибатхои капиталисти дар назди илм талаботхои нав гузошт. Дар ин соха тадкикотхои Н. Коперник, И. Кеплер, Г. Галилей, Р. Декарт, X. Гюйгенс ахамияти калон доштанд, Конунхои асосии динамикаро И. Ньютон (1687) таъриф дод. У тадкикотхои олимони пешинро чамъбаст намуда, мафхуми кувваро умумият дод ва дар Механика мафхуми массаро чори кард. Хамин тавр, И. Ньютон асосхои Механикаи классикиро буньёд кард. Дар инкишофи минбаъдаи Механика ва фаслхои чудогонаи он олимону мухаккикони даврхои гуногуну мамлакатхои гуногун Р. Гук, Г. Лейбниц, Л. Эйлер, Г. Амонтон, Ш. Кулон, И. Бернулли, Л. Карно, Ж. Фурье, Ж. Лагранж, Ж. Д Аламбер, П. Мопертюп, П. Лаплас, М. В. Ломоносов, М. В. Остроградский, У. Гамильтон, К. Якоби, Г. Герц, Грин,

С. Пуассон, У. Томсон, Г. Кирхгоф, О. Рейнольдс, Л. Прандтль, Н. П. Петров, С. А. Чаплыгин, Н. Е. Жуковский, А. М. Ляпунов, И. А. Вышнеградский, И. В. Мещерский. К. Э. Циолковский ва диг. сахми босазое гузоштаанд. Дар замони хозира Механика ба халли як катор проблемаи мухим: назарияи лаппишхо (махсусан лаппишхои гайрихатти), динамикаи чисми сахт, назарияи устувории харакат, Механикаи чисмхои массаашон тагйирёбанда ва динамикаи парвозхои кайхони машгул аст. Доираи масъалахои Механика, инчунин тадкики харакати плазмаро дар майдони магнити (гидродинамикаи магнити), яъне омузиши яке аз проблемахои актуалии физикаи муосир — ба амал овардани реакцияи термоядроии идорашавандаро дар бар мегирад. Дар гидродинамика халли як катор масъалахо бо проблемахои суръатхои калон дар авиация, баллистика, сохтмони турбинахо ва мухаррикхо алокаманд аст. Хангоми хал кардани бисьёр масъалахои М. компютерхоро самаранок истифода бурда истодаанд.

Ад.: Седов Л. И., Механика сплошное среды. М., 1976; Григорьян

А. Т.. Механика от античности до наших дней» М., 1971.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …