МЕХАНИКАИ МУХИТИ ЯКЛУХТ, як фасли механика буда, харакат ва холати мувозинати газ, моеъ ва чисмхои сахти деформацияшавандаро меомузад. М. м. я. аз кисмхои зории иборат аст: гидроаэромеханика, динамикаи газ, назарияи эластики, назарияи пластики ва г. Дар М. м. я. сохти молекулави ё атомии модда ба назар гирифта намешавад. Дар он модда чун мухити бефосилаи яклухте дониста мешавад, ки хамаи хосиятхои физикиаш (зичи, шиддат, суръати заррахо ва г.) дар мухит бефосила таксим шудаанд. Дурустии ин фарзия дар он аст, ки андозахои молекулахои мухит назар ба андозахои заррахое, ки дар назария ва амалияи М. м. я. муоина мешаванд, хеле хурд мебошанд. Аз ин ру, дар М. м. я. аппарати математикаи олиро, ки барои функцияхои бефосила тахия шудааст, татбик кардан мумкин аст. М. м. я. барои тадкики мухити дилхох асосан аз: 1) муодилахои харакат ё мувозпнати мухит (ки чун натичаи конунхои асосии механика бармеоянд); 2) муодилаи бефосилаги (яклухти)-и мухит (ки натичаи конуни бакои масса мебошад); 3) муодилаи энергия истифода мебарад. Хусусиятхои хар як мухити конкретиро бо муодилахои холат ё бо муодилахое, ки барои вобастагии байни шиддат ва деформация дода мешаванд, аник кардан мумкин аст. Агар хосиятхои мухит ба харорат, фишор ва дигар параметрхои физикию химияви вобаста бошанд, ин вобастагихо ба муодилахои иловаги мукаррар карда мешаванд. Бар замми ин барои халли муодилахои холати хар як мухити алохида шартхои канори бояд гузошт, ки онхо ба хусусиятхои мухит вобаста мебошанд. Натичахои М. м. я. дар сохахои гуногуни физика ва техника ба кор меоянд.