Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАХМУДИ ШАБУСТАРИ

МАХМУДИ ШАБУСТАРИ

nophotoМАХМУДИ ШАБУСТАРИ Ибни Абдукарим (1252, Шабустар, наздикии Табрез— 1320, хамон чо), файласуф, шоир, мутафаккири асрхои 13—14. Асархои у достони «Гулшани роз», рисолахои «Кава-ул-хакоик», «Шахиднома», «Мираъот-ул-мухаккикин», ки ба за­бони форси-точики таълиф шудаанд, асосан масъалахои фалсафи, ахлоки ва ирфониро дар бар мегиранд. Акоиди фалсафии Махмуди Шабустари ба таълимоти машшоиён каробат дошта, низ аз унсурхои пантеистию деисти холи нест. Аз чумла, Махмуди Шабустари аз мавкеи пантеизми ирфони (вахдати вучуд) ба халли масъалахои мухими фал­сафи, аз кабили таносуби кулл ва чузъ, вахдат ва касрат, зот ва сифот, вучуд ва мавчуд, ботин ва зохир (муносибати байни худо, олам, одам ва дарки мохияти онхо) пардохтааст. Ба акидаи Махмуди Шабустари хама вокеъ дар замону макон буда, бо хам алокаманд ва аз як манбаъ мебо­шанд. Худо, оламу одам аз мум аслу мохият аз якдигар чудо набуда, дар хамбастаги вучуд доранд. Аммо у ягонагиро дар мохияти илохи медид. Ба акидаи Махмуди Шабустари вахдат чихати вучуди ботини ва касрат чихати мавчуди зохирист. Пантенами Махмуди Шабустари тобиши номиналисти ва материалисти дорад. Мафхуми «кулл» ба худо, «вучуд» ба чузъ, «касрат» ба мавчудот вобаста мешавад. Яъне кулл (худо, мохияти илохи) ба туфайли чузъ (моддиёт) мавчуд ва ошкор аст. Махмуди Шабустари тасдик мекард, ки табиат дар тагйир ва инкишофи доимист ва ашё тавассути зиддият ба вучуд меояд. Ба акидаи у аз омезиши чор унсур (оташ, хаво, об, хок) — маъдан, аз маъдан — растанихо, аз растанихо — хайвонот ва аз авчи ка­молоти олами хайвонот одам ба вучуд омадааст. Махмуди Шабустари одамро тимсоли замини илохи ва муродифи чахон шумурда, узвхои одам (Олами Сагир)-ро ба ашёи Олами Кабир монанд медонад. Махмуди Шабустари акида дошт, ки ориф дар сурате ба васли худо мерасад, ки худро аз хама моддиёт пок гардонад. Дар натича одам монанди «хатти истино» рост, пок шу­да ба дарачаи «инсони комил» расида, адли хакики чори мегардад. Махмуди Шабустари орифи озодфикр буда, ислому шариатро воситаи ба хакикат ноил шудан не, балки занчири асорат мешуморад. Ба ифодаи шариат пуст, «барбастаи чону тан», «халали рохи солим» аст. Махмуди Шабустари ба мукобили таассуб ва адовати динию мазхаби баромада, дар байни Каъба, куништу дайр фарк намегузошт, рухониёни мутаассибро ба чохилию гумрохи муттахам мекард. Таълимоти Махмуди Шабустари, ба инкишофи афкори ичтимоии мамлакатхои Шарки Наздику Миёна таъсири калон расондааст. «Гулшани роз» ба бисьёр забонхо тарчума шу­да, дар бисёр мамлакатхо интишор ёфтааст (дар Австрия, Германия, Англия, Италия, Хиндустон, Туркия ва г.).

Ад.: Гулшани адаб, ч 2,. Д., 1074; Крымский А., История Персии, её литературы и дервишской теософии, т. 3, М., 1914—15; история персидской и таджикской литературы. Под ред. Яна Рипки, М., 1970;

В. Исматов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …