Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАХМУДИ ЧАЛАБИ

МАХМУДИ ЧАЛАБИ

nophotoМАХМУДИ ЧАЛАБИ ибни Мухаммад (бо номи Марнами Чалаби низ машхур мебошад) (соли таваллуд номаълум — вафот 1525), риёзидон ва хайатшиноси асри 16 точик. Набера ва шогирди Козизодаи Руми. Баъд аз таназзули мактаби илмии Самарканду монанди Алоуддини Кушчи ва диг. ба Туркия меравад ва дар он чо анъанахои олимони Самаркандро давом медихад. Аз Махмуди Чалаби осори гаронбахое боки мондааст. Аз асархои у «Дастур-ул- амал фи тасхех-ил-чадвал» (Шарх ва чадвалхои расадхонаи Самарканд), ки ба забони точики навишта шудааст, дар китобхонахои Евро­па, аз чумла дар Париж (№ 171) ва Истамбул (№ 2697), «Шарху рисолат-ул-фатхия» (Шарх ба рисолаи астрономии Алоуддини Кушчи «Ри­солаи Фатхия») дар китобхонаи Па­риж махфуз мебошанд. Як катор асархои Махмуди Чалаби ба масъалахои муайян кардани самти Кибла оиданд. Мукаммалтарини онхо «Рисола фи тахкик самт-ил-кибла» мебошад, ки дар китобхонаи Истамбул махфуз аст. Махмуди Чалаби дар риёзиёт ба хисоб кардани кимати функцияхои тригоно­метрии кунчхо машгул шуда, кима­ти sin 1°-ро бо усули нав хисоб кард (то Махмуди Чалаби Алоуддини Кушчи кимати sin Г-ро хисоб карда буд), ки дар «Рисолат-ул-чайб-ил-номма» («Рисола дар бораи синусхо») оварда шу­дааст. Рисолаи дигари Махмуди Чалаби, ки «Ри­сола фи-рубъ-ил-муканта рот» («Рисола дар бораи чоряки мукантарот») ном дорад, аз хисобу китоби камонхои кураи осмон бахс мекунад.

А.Курбонов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …