Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАХМУДИ ЧАГМИНИ

МАХМУДИ ЧАГМИНИ

nophotoМАХМУДИ ЧАГМИНИ ибни Мухаммад ибни Умари Хоразми (соли таваллуд номаълум — вафот такррибан 1221), риёзидон, хайатшинос ва та­биби маъруф. Дар бораи тарчимаи холи М. Хочи Халифа дар «Китобу кашф-уз-зунун» (Китоб оид ба кушоиши гумонхо») маълумот додааст. Махмуд дар Хоразм таваллуд ёфта, зиндаги ва эчод кардааст. Махмуд дар Самарканд хам зиндаги карда, бо олимони пещкадами он давра хамсухбат шудааст. Махмуд аз олимони забардасти замони худ буда, доир ба сохахои мухталифи илм асархо офаридааст: мас., оид ба астрономия «Мулаххас фил-хайат-ил-басита» («Мухтасари астрономияи ибтидои») оид ба тригонометрияи курави «Ал- мулаххас» («Хулоса»), оид ба тиб «Конунча» ва г. Аз чумла дар Мулаххас фи-л-хайат-ил-басита» доир ба омузиши чисмхои осмони, дар «Конунча» оид ба ташхис ва муоличаи беморихои гуногун, дорушиносию дорусози сухан меравад. Ба асархои Махмуд соли 1410 Камолуддини Туркмани, 1412 Козизодаи Руми 1500 Мирсаид Шариф, Фасехуддини Низоми ва диг. шарххо навиштаанд.

Ад.: Вороновский А. Г., Аст­рономы Средней Азии от Мухаммад»

«мама до Улугбека, дар мач.: Из исопохя Улугбека, Ташкент, 1965.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …