Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ ШЕРДОР

МАДРАСАИ ШЕРДОР

МАДРАСАИ ШЕРДОР, ёдгории меъмории асри 17 дар Регистони Самарканд. Солхоои 1619—35 дар рубаруи Мадрасаи Улугбек сохта шуда, аз руи бандубаст ба он каробат дорад. Накшунигори коши пешток бо тасвири офтоби нурафшон ва шери ба гизол хамлавар (аз ин чост, ки Мадраса номи шердорро гирифтааст) чолиб аст. Гарчи намохон хар ду Мадраса якхелаанд, бандубасти дохили иморатхо аз хам фарк мекунанд.

Медресе Шердор

Хавлии чорсуи онро чор айвони бархаво ихота кардааст. Ин айвонхо бо нимгунбазхои ба шарафахои сипаршакл такякунанда пушонда шудаанд. Кошиву хотамкорихои Мадрасаи шердор аз ороишоти дигар ёдгорихои ин давр гуётару чузъхои накшунигораш хачман калонтар буда, бештар шаклхои хандаеси ва мухаббати истифода шудаанд. Девори айвонхо хама саросар бо коши гулпарто шуда, чо-чо катибахои зебо сабт гардидаанд.

Девори кафои иморат дар ду кунчаш ду гулдастаи паст дорад. Дар яке аз катибахо номи меъморони Мадраса — Абдулчаббори Меъмор ва Мухаммадаббоси Наккош сабт гардидаанд. Мадрасаи шердор дар мухофязати давлат аст.
Ад.: Массон М. С., Регистан и его медресе, Ташкент, 1026; Пугаченкова Г. А.. Реипель Л. И.. История искусств Узбекистана, М., 1065.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …