МАЧЛИСИ МУАССИСОН дар Россия, муассисаи парламенти, мачлисе, ки 18 январи 1918 дар Петроград барпо гардида буд. Масъалаи даъвати Мачлиси муассисонро бори аввал дар Россия декабристхо ба миён гузошта буданд. Дар давраи Револютсияи 1905—07 ин идея вассъ пахн гардид ва он баъди Револютсияи буржуази-демократии феврали 1917 кувват гирифт. Хукумати муваккати ва партияхои буржуази даъват намудани Мачлиси муассисонро ба омма ваъда карда бошанд хам, баъди ба даст овардани хокимият аз даъвати он тарсиданд ва бо хар бахона интихоботро кашол доданд. Большевикон дар давраи ба рев. социалисти сабзида расидани революцияи буржуази-демократи барои ба тарафи худ чалб кардани омма Мачлиси муассисонро дастгири намуда, дар баробари ин бартарии Республикаи Советхоро фахмонда медоданд. Баъди галабаи Револютсияи Октябрь контрреволюция шиори «Тамоми хокимият ба Мачлиси муассисон»-ро хамчун байраки мубориза бар зидди Хокимияти Совети истифода кард. Муносибати мехнаткашон ба Мачлиси муассисон тагйир ёфта бошад хам, большевикон аз даъвати Мачлиси муассисон даст накашиданд, зеро фикри даъвати он дар байни дехконон ва дигар табакахо боки монда буд. Интихоботи Мачлиси муассисон ноябри 1917 мувофики руйхате, ки Хукумати муваккати тартиб дода буд, гузашт. Дар вакти интихобот Хокимияти Совети хануз на дар хама чо барпо гардида буд, декретхои аввалини он на дар хама чо маълум буданд, декрет дар бораи замин на дар хама чо ба хаёт татбик шуда буд. Хангоми маъракаи интихобот партияхои кадету эсерон дар махалхо сохтакори карданд. Бинобар ин интихобот таносуби куввахои сиёсии мамлакатро дуруст инъикос накард. Ба ин нигох накарда большевикон дар марказхои саноати, армия ва фронтхо аксарияти овозро гирифтанд. Аз 715 аъзои Мачлиси муассисон большевикон 183 нафарро ташкил ва хамрохи эсерхои чап, ки онхоро дастгири мекарданд, 38,5% чои депутатиро ишгол намуданд. Мачлиси муассисон 18. сентябри 1918 дар Петроград дар касри Таврия кушода шуд. Мачлисро раиси КИМ-и Умумироссия Я. М. Свердлов кушод, раиси Мачлиси муассисон эсер В. М. Чернов интихоб гардид. Мачлиси муассисон карорхои таърихии Съезди 2-юми умумироссиягии Советхоро дар бораи замин, сулх ва ба Советхо гузаштани Хокимият, инчунин тасдики «Декларацияи хукукии халки захматкаш ва мазлум»-ро рад намуда, бо хамин мохияти контрреволюционии худро ошкор кард, бинобар ин фракцяи болшевики мачлисро тарк намуд. Аз паси онхо эсерхои чан. ба ромада рафтанд; мачлис хобонда шуд. 20 1. 1918 КИМ-и Умумироссия (дар асоси маърузаи В. И. Ленин) Док. ретро дар бораи пароканда кардани Мачлиси муассисон тасдик кард, ки онро мехнаткашон бо каноатманди истикбол намуданд.
Инчунин кобед
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …