Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МАЧЛИСХОИ МАШВАРАТИИ МОСКВА

МАЧЛИСХОИ МАШВАРАТИИ МОСКВА

МАЧЛИХОИ МАШВАРАТИИ МОСКВА (солхои 1941, 1943, 1945), мачлисхои машваратии намояндагони СССР, ШМА ва Британияи Кабир оид ба масъалахои чудогонаи амалиёти харби дар Чанги дуюми чахони ва халли осоиштаи проблемахои баъдичанги.

Машварати соли 1941 (29 сент.—1 окт. сардорони хайати вакилон: СССР — В. М. Молотов, ШМА — У. А. Гаррими, Британияи Кабир — лорд Бивербрук) дар бораи -додугирифти мол дар давраи 1 октябр 1941 — 30 ию­ни 1942 карор кабул кард. ШМА ва Британияи Кабир ухдадор шуданд, ба СССР_ хар мох 400 самолёт, ЗД) танк, тупхои зенити ва зиддитанки, автомошинхо, инчунин алюминия ва дигар фулузот медиханд; «сарфи назар аз душворихои калон, ухдадор шуд, ки ба Англия ва Америка барои эхтиёчоти харби ашёи хом медихад.

Машварати соли 1943 (19—30 октябри сардорони хайати вакилон—вазирони корхои хоричи; СССР — В. М. Моло­тов, ШМА — К. Хэлл; Британияи Кабир — А. Иден) масъалахои кутох кардани мухлати чангро мухокима намуд. Намояндагони ШМА ва Анг­лия аз кабули ухдадории муайяне доир ба кушодани фронти дуюм баркаши карданд.

Хуччатхои мухими машварат: 1) «Декларацияи чор давлат доир ба масъалаи бехатарии умуми» (онро намояндаи Хитой низ имзо намуд). Мувофики он тарафайн ухдадор шу­данд, ки чангро то ком план таслим шудани душман идома дода, баъди анчоми чанг барои пойдории сулхи умуми мекушанд; тарафхо карор доданд, ки дар мухлати кутох барои мустахкам намудани сулху бехатари ташкилоти байналхалки таъсис кунанд ва дар вакти зарури бо маслихату розигии тарафайн куввахои мусаллахи худро барои муътадил гардонидани вазъият дар ин ё он мамлакат истифода баранд ва дар масъалаи микдори куввахои мусаллаху яроку аслиха хамкори намоянд. 2) «Декларацияи оид ба Италия», ки он иттифокчиёнро ба хамкори барои решакан кардани фашизм дар Италия ва пойдор на­мудани тартиботи демократи дар он чо даъват менамуд. 3) «Декларацияи оид ба Австрия» изхор намуд, ки 15 марти 1938 ба Германия «хамрох карда шудани» Австрия аз эътибор сокит дониста шавад. Дар айни за­мон кайд гардид, ки Австрия барои аз чониби Германия дар чанг ишти­рок карданаш чавобгар аст ва инчунин ба назар гирифта хохад шуд, ки Австрия барои озод кардани худаш чи хисса гузоштааст. М. м. М. «Декларацияи оид ба чавобгарии гитлерчиён барои амалиётхои вахшиёнаашон»-ро эълон намуд, ки он­ро И. В. Сталин, Ф. Рузвельт, У. Черчилл имзо карданд ва баъдтар дар асосри он чинояткорони харби ба чавобгарии суд кашида шуданд. Дар машварат масъалахои вазъияти баъдичанги, аз чумла масъалаи Гер­мания мавриди мухокима карор гирифт. Хайати вакилони СССР доир ба таклифи сардорони хайатхои вакилони ШМА ва Англия, ки дар амал ба кисмхо чудокунии Германияро дар назар дошт, изхори акида накард. Хайати вакилони СССР лоихаи англисхоро доир ба «схемаи асосии идоракунии Франция» низ рад кард. Хукумати Совети таклифи Англияю Америкаро оид ба барка­рор кардани муносибатхои дипломати бо хукумати дар Лондон будаи Польша, ки ба СССР муносибати душманона дошт, низ рад намуд.

Машварати соли 1945 (16—26 декабр сар­дорони хайати вакилон — вазирони корхои хоричи: СССР — В. М. Моло­тов, ШМА —Ч. Ф. Бирнс, Британияи Кабир — Э. Бевин) тартиби тайёр ва имзо кардани шартномаи сулхро бо Италия, Руминия, Булгория, Венгрия ва Финландия муайян кар­да, оид ба ташкили комиссияи Шарки Дур ва Совети Иттифок оид оа Япония ба созиш омад. Бо карори машварат ташкил кардани хукумати муваккатии демократии Корея дар назар дошта мешуд. Иштирокчиёни машварат дар бораи зарурати муттахидкуни ва демократикунонии Хи­той, инчунин хотима додани чанги граждани дар Хитой ахд карданд. Шартхои аз тарафи Британияи Ка­бир ва ШМА эътироф намудани хукуматхои Руминия ва Булгория муайян гардид. Вазирони корхои хо­ричи карор доданд, ки масъалаи таш­кили Комиссияи назорат бар энер­гияи атом ба мухокимаи Ассамблеяи Генералии ТДМ тавсия карда шавад.

М. м. М. ба мустахкам шудани иттифоки зиддигитлери ва халлк як катор масъалахои баъдичанги мадад карданд. Аммо давлатхои Гарб баъди торумор шудани Германияи гитлери ба мукобили Иттифоки Совети сиёсати «чанги сард»-ро пеш гирифта, боиси ичро нашудани чанде аз карорхои мухими М. м. М. гардиданд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …