Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Кули Онега

Кули Онега

Онега, О н е г о, кулест дар шимоли гарби Кисми европоии СССР (дар РАСС Карел, ва вилоятхои Ленингра­ду Вологдаи РСФСР). Масохат 9,7 хазор километр2. Чукуриаш ба хисоби миёна 30 метр, чои чукуртаринаш 120 метр; хачми об 292 клометр3. Онега дар натичаи харакатхои тектоники ба вучуд омада, аз таъсири яхбандихои материкии давраи антропоген шакли он хеле тагйир ёфтааст.

Аз Шимол Гарб ба Чануби Шарк ка­риб ба масофаи 250 километр тул кашидааст, бараш то 91,6 километр. Сохилхояш дар Шимоли Fарб баланду шахдор буда, аз чинсхои кристалли (гранит ва гнейс) таркиб ёфтаанд. Сохилхои чануби шаркиаш асосан паст ва аз регу гил иборат аст. Дар кул 1369 чазира (масодхати умумиашон 250 километр2) хаст. Ба кул 58 дарё (калонтаринашон: Шуя, Суна, Водла, Вытегра) мерезад ва аз он дарёи Свир чори ме­шавад.

Ноябр ях баста, май яхаш об мешавад. Аз 47 намуди модии Онега 17 намудаш ахамияти саноати дорад. Кул киштигард буда, ба воситаи ка­нали Бахри Сафеду Балтика бо бахрхои Балтика ва Сафед, ба воситаи рохи обии Волгаю Балтикаи ба номи Владимир Илич Ленин бо хавзаи дарёи Волга алокаманд аст. Дар чазираи Кижи му­зеи ёдгорихои меъмории санъати чубкори мавчуд аст. Дар сохили кул шахрхои Петрозаводск, Кондопога, Медвежегорск вокеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …