КАТТОНИ МАРВАЗИ Айнуззамон Имом Абуали Хасан ибни Али (1072—1153), адиб ва табиби форс-точик. Дар Марв зиндаги ва эчод кардааст. Вай дар аруз, тиб, нучум ва г. чанд рисола навиштааст. Вазнхои 24-гонаи рубои дар ду шачари — ахрабу ахрам аз чумлаи ихрооти уст. Аксари адабиётшиносони форс-точик, аз Шамси Кайси Рози то имруз, айнан бо баъзе истисно ихтирооти уро истифода бурдаанд. Яке аз китобхои маъруфу машхури К- М. — «Кайдонхудои (таълифаш байни с-хои 1104—06) бо забони соддаи форси барои толибони илми нучум таълиф ёфтааст.