КАССОБИ КОШОНИ Сайидо (с. тав. номаълум, Кошон— ваф. 1751, Машхад), шоири эрони. К- К. аввалхо ба василаи кассоби руз мегузарондааст. Тахаллуси шоириаш низ аз хамин чост. Бино ба маълумоти Малехои Самарканди, ки с. 1670 бо Шоир вохурдааст, баъдтар у ба карбосбофи машгул будааст. К. К. бештар газал сурудааст. Дар девонаш, ки хануз дар асри адиб саросари Эрону Мовароуннахр ва Хиндустон шухрат ёфта буд, 350 газал фарохам омадааст. Мавзуъхои газалиёти К.- К. ишку мухаббати самими, тасвири манзарахои рангини табиат, ситоиши ахлоки хамида ва накухиши беадолатихои замон ва г. мебошанд. Шоир аз чабру зулм ва беинсофихои хукуматдорон шикоятхои чонсуз кардааст. Чунончи:
Дар замони мо намеборад сахоби зиндаги,
Хушк гардидаст дар сарчашма оби зиндаги.
Аз чафои бехаду айёму гардишхои дахр
Гашта кутах риштаи умрам зи тоби зиндаги.
К. К ба ашъори Хофиз, Соиб ва диг. мухаммас бастааст.
Ос.: Саду як газал, Д., 1965.
А. Рахмонов.