Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «КАРОБОДИНИ КОДИРИ»

«КАРОБОДИНИ КОДИРИ»

«КАРОБОДИНИ КОДИРИ» асари тиббии Мирмухаммади Акбар (маъруф ба Мухаммади Арзони), ки с. 1717 таълиф кардааст. Мирмухаммади Акбар гайри «К. К.» оид ба тиб таълифоти зиёде дорад, ки «Тибб-ун-наби», «Тибб-ул-акбар», «Муфаррех-ул-кутуб», «Мизоя-ут-тиб», «Таориф-ул-амроз» ва «Мучарработи Анбари» амсоли онанд. «К.

К.» аз 23 боби асоси ва 2 боби иловаги иборат аст. Бобхои асоси дар бораи адвияи беморихои cap ва иллати майна, чашму гуш, бини ва кисмхои он, дандон ва милк, лабу дадон ва забон, халку ханчара ва касабаи шуш, синаву шуш ва пардахои синаву шуш, дилу меъда, чигар, талха, сипурз ва амрозе, ки ба ин узвхо вобастаанд, беморихои руда, куланч, исхоли гуногун ва кирмхои шикам, гурдаю масона, макъад, бачадон, дубл ва бавосир, пистон, олоти таносул ва г., рагу пайвандн бадан, пушт, кузпушт, рон, сурин, иркунисо, даволи, пошна, панча ва г., пуст, оташак, дузом ва сухтани пуст, хурда шудани аъзо, захролудшудагон бахс мекунанд. Боби 22 бошад, доир ба тадбири мусофирон, яъне дар бораи адвияе, ки барои сафар заруранд маълумоти мукаммал медихад. Бобхои иловагии «К. К.» асосан ба адвияе, ки аз он хашароти захрнок мегурезад, тарики сухта тайёр кардани адвия ва хифзи он, истеъмоли чуби чини, сарсабил ва г, оиданд. «К. К.» борхо нашр шудааст.

Х. Зохидов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.