Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «КАРОБОДИНИ КАБИР»

«КАРОБОДИНИ КАБИР»

«КАРОБОДИНИ КАБИР» асари Мухаммадхусайн ибни Мухаммади Одили дар боби тиб, ки с. 1770 таълиф шудааст. Муаллифи «К. к.» дар Хиндустон умр ба cap бурдааст ва бо номи «Махзан-ул-адвия» асари дигаре низ дорад. Мукаддимаи «К. к.» аз бист фасл иборат аст; фасли I доир ба гизою даво ва ахамияту фаркияти онхо; фасли 2 дар баёни хусусият ва таъсири хар яке аз гизову дорухо; фасли 3 оид ба мизоч, маърифат ва дарачоти онхо; фасли 4 дар бораи тарики маърифати мизочи адвия ва ачзия (гизохо) ба тачриба ва киёс; фасли 5 доир ба эхтиёч ба таркиби адвия (дар ин чо доир ба фаркияти хосили ва таъсири давохои муфрада ва мураккаба сухан меравад); фасли 6 оид ба таркиби адвия ва истихрочи микдори шарбати (чуръаи) онхо (ин фасл дар бораи тайёр кардани дору ва меъёри истеъмоли он бахс мекунад); фасли 7 дар бораи мизочи дорухои мураккаб ва тарики истихрочи онхо (ин фасл ба шинохтани мизочхои адвияи мураккаб ва рохи истеъмоли ин дорухо оид аст); фасли 8 оид ба тарики истихрочи микдори шурбати мураккабот; фасли 9 доир ба аъмори (умри) баъзе адвияи муфрада (ин чо аз хусуси нигохдошт, яъне бачои куввати давохои муфрад ба тарзхои мухтасар сухан меравад); фасли 10 дар бораи фахмидани тарзи таъсир ва аъмори адвияи мураккаба; фасли 11 дар баёни сабаби ихтилофи табибон дар мохият ва хавоси (хосиятхои) адвия (ин чо аз хусуси сабабхои гуногун доштани мулохизахои табибон оид ба мохият ва хусусиятхои давохо сухан меравад); фасли 12 оид ба тарикаи ёфтани адвия, эхтиёту сиёнати (нигахдории) онхо; фасли 13 дар баёни одоби таом хурдан, об нушидан ва атъимае (таомхое), ки чамъи онхо ба хам муносиб нест (дар ин фасл оид ба риоя кардани чихати истеъмоли таому об ва эхтиёт шудан аз истеъмоли муштараки як таом бо таоми дигар сухан меравад) ; фасли 14 дар бораи тарики сухтан, беравган бирьён кардан, дар магзи хамир, гил, латтаи тар ва г. печонида дар кури оташ пухтан, шустан ва устувору тобовар кардани давохо бар таъсири мухит ва г.; фасли 15 дар баёни маърифати афъоли адвияи муфрада ва хавоси онхо (дар ин фасл феълхои кулли ва чузъии давохои муфрада, хусусиятхои онхо ва истилохоти сифатхои умумии адвия баён ёфтаанд); фасли 16 дар бораи баъзе. истилохот (дар ин фасл муаллиф баъзе истилохоти тиббиро ба тарики мунтахаб чамъ оварда шарх додааст); фасли 17 оид ба худуди амроз ба тартиби хуруфи тахаччи (ин чо истилохоте, ки махз ба иллат ва бемори дахл доранд, ба низоми алифбои араби дар услуби энциклопеди шарх дода шудаанд); фасли 18 дар хусуси ченакхои вазни ва хачми тибби, шаръи ва ченакхои кишвархои гуногун; фасли 19 дар бораи таъсири гуногуни сайёраи сабъа, яъне хафт сайёра—-Зухал, Муштари, Миррих, Шамс, Зухра, Уторид ва Камар ба давохои аз чорунсур таркибёфта; фасли 20′ оид ба инкишофи илми тиб дар мархилахои таърихи ва варосати хазокат (махорат) аз силсилаи ачдод то худи муаллиф бахс мекунад.

Кисми шархи шифоият ва тартиб додани давохои мураккабро муаллиф ба ду китоб чудо кардааст, ки 48 боб ва 359 фаслро дар бар меград. Дар аввали шархи боб у хар ва як истилохеро, ки ба нусхаи давохо дахл дорад ва бо харфи навбатии алифбои форси овоз меёбад, муфассал шарх додааст. Тарзи баёни давохои мураккаби «К. к.» аз диг. карободинхо фарк дорад, Муаллиф давои муфрадро пояи асосии таркиб кабул карда, ба он давохои дигарро хамрохкунон нусхаи давохоро месозад ва ба тартиби алифбои форси чо ба чо мегузорад.

Х. Зохидов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.