КАРАКИДОНИЁН, карахитоих о (кидониёни сиёх, хитоихои сиёх), номе, ки муаллифони асримиёнаги ба халкияти гурухи мугули — кидониён додаанд. К- дар а. 12 дар Осиёи Миёна маскан гирифтанд. С-хои 20-уми а. 12 Хафтрудро забт карда, с. 1125 давлати мустакили худро ташкил доданд. Пойтахти давлати К. дар сохили д. Чуш. Баласагун (Хусыордо) буд. Дертар К. дар назди Хучанд пайдо шуданд ва моххдои май — июни 1137 кушуни Махмуди Карахониро торумор карданд.
К. хонадони Карахониёнро нест накарданд. Дар Самарканд ба чои Махмуд ба тахт бародари у Иброхим нишаст. Карахониён вассали К,, шуда монданд. Иброхим вазифадор буд, ки андозро чамъ карда, ба пойтахти К. Баласагун фиристад. Дар Фаргона хокимият дар дасти хонадони «Хасанихо» яъне Карахониёни шарки буд. Аммо хонадони фаргонагии Карахониён тадричан Самаркандро ба дасти худ гирифт.