Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАЛЪАИ КАРАТОГ

КАЛЪАИ КАРАТОГ

КАЛЪАИ КАРАТОГ, ёдгории археологи ва фортификационии мансуб ба а. 19, ки дар наздикии дехаи Каратоги РСС Точ., Дар сохили рости д. Каротог вокеъ буд. Дар он беки Хисор мезист. Харобахои калъаро саиёхи франсави Г. Совпало, ки с. 1886 ба Бухорои Шарки омада буд, тасвир кардааст. Дарозии он зиёда аз 400 м ва бараш кариб 200 м будааст. Деворхои калъа бурчхои чоркунча ва тиркашхо доштанд. Аз ду тараф бинохои айвондор (барои посбонон) вокеъ гардида буданд. Толорхо кандакори шуда, бо расми гулу мевахо оро ёфта буданд. Онсуйтари ин бинохо хонахои хизматгорону чанговарон, хазинаю анбор ва саисхонахои калон вокеъ буданд. Дар тарафи чапи даромадгохи асосии калъа дари хурде буд, ки аз бог ба толори хавлии дарун кушода мешуд. Харамсарои он чо дар ихотаи бинохои айвондор буда, дар онхо хизматгорон мезистанд. К. К. хангоми Хисорро забт кардани кушунхои амир (с-хои 60 а. 19) тамоман хароб гардид.

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.