КАБУЛИИ БУХОРОИ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири точик (а. 16). Дар Бухоро ба камол расидааст. Пас аз тахсили улуми расмии давр ба хидмати Шайбонихон дохил шудааст. Дар тазкираи «Музаккир-ул-ахбоб»-и Нисории Бухорои оид ба мушоираи у ба Аллоча ном шоирае сухан меравад. Нисори ду байти дар чавоби шоира гуфтаи К. Б.-ро овардааст (абьёти гуфтаи шоира дар тазкира нестанд):
Мижгони ту эй нигори раъно,
Бо мо сафи чанг менамояд.
Он мург, ки кандаи парашро,
Ишкам зада ранг менамояд.
Аз К. Б. ашъори пароканда дар тазкирахову баёзхо боки мондааст.
У. Назиров.