КАБРИСТОНИ СУРХ, ёдгории археологии мансуб ба а-хои 2—7, ки дар мавзеи Галанги дараи Сурхи р-ни Исфара вокеъ аст. К. С. аз ду гурухи пуштакабрхо иборат буда, дар адабиёти илми Кабристони Сурх-1 ва Кабристони Сурх-II (Кабристони Галанг) ном гирифтааст. К. С. хануз тадкик нашудааст. К. С.-Н 60 пушта (кутраш 8—12 м, баландиаш аз 0,4 то 1,6 м) дорад, ки онхо дар масофаи 5—15 м аз хамдигар вокеъ гардидаанд. Кабристонро с. 1956 бостоншиносони Ин-ти таърихи АФ РСС Точ. кашф ва с. 1958 пурра тадкик намуданд. Пуштахо аз руи аломатхои зохири ба се гурух таксим мешававд: 1) пуштахои доирашакл ва конусшакл, 2) пуштахои хурд-хурде, ки аз сангрезахо иборатанд, 3) пуштахои халкашакл. 5 пушта кенотаф (пуштаи бекабр) буда, бокимонда пуштахо лахад ва маток доранд. Аз К. С. зарфхои сафоли, шадаи марчон, сурмасанг, маснуоти охани, асбоби ороишии биринчи ёфт шуданд.
Е. Д. Салтовская.