ХУРОСОН, музофоти маъмуриест дар кисми шимол шарки Эрони хозира. Масохат 313,3 хазор км2. Ахолиаш 3,1 млн нафар (1975); асосан форсхо, точикон, афгонхо, курдхо ва туркманхо. Маркази маъмуриаш шахри Машхад. Шахрхои калантаринаш: Сабзавор, Нишопур, Кучан, Турбати Хайдария, Бирчанд, Бочнурд. Дар шимол Xуросон каторкуххои Хуросон, дар байни онхо водии Кучану Машхад, дар кисми шаркиаш куххои Эрони Шарки, дар чануб ва чануб гарбиаш Дашти Кавир ва Дашти Лут вокеъ гаштаанд. Иклимаш гарм. Машгулияти асосии ахолиаш дехконист. Дар Xуросон бештар гандум, чав, пахта, тамоку, лаблабуи канд, загир мекоранд. Богу токдори низ ривоч ёфтааст. Чорводории кучи (хусусан гусфандпарвари) дар иктисодиёти Xуросон чои намоёнро ишгол мекунад. Корхонахои саноати хуроквори, пахтатозакуни, бофандаги ва чармгари дорад. Колинбофи ривоч ёфтааст. Xуросон пашм, пуст, пусти карокули, колин ва мавиз экспорт мекунад. Рохи охани Машхад – Техрон аз Xуросон мегузарад.
Xуросон дар замони кадим ва асрхои миёна вилояти калони таърихие буда, кисми шимол шаркии Эрон, шимол гарбии Афгонистон ва кисми марказию чануби РСС Туркманистони хозираро дар бар мегирифт. Марв, Нишону, Балх, Хирот, Тус, Машхад, Сарахс, Сабзавор, Абевард, Нисо мухимтарин шахрхои Xуросон ба шумор мерафтанд. Номи Xуросон (Хварасон) аа давраи Сосониён (асрхои 3—7) маълум аст. Хуросонро дар миёнаи асри 7 арабхо забт карданд ва волигии Хуросони Хилофати араб ташкил ёфт. Xуросон дар асри 9 ба хайати давлатхои Тохириён, Саффориён ва Сомониён дохил шуд. Дар ахди Сомониён (874—999) Xуросон чун Мовароуннахр яке аз нохияхои мутаракки ба шумор рафта, дар он хочагии кишлок, конкоби ва хунарманди ба пояи баланди ривочу равнак расидаанд. Дар вилоятхои Нисо ва Абевард галлакори ва богдори, дар вохаи Марв пахтакори, дар вилояти Хирот бошад, токдори хеле ривоч ёфта буд. Куххои Xуросон аз сарватхои табии хеле бой буданд. Дар вилояти Нишопур фируза, дар атрофи Нишопур охан, мис ва нукра, дар Марв мис, дар Балх — маргимуш истихроч мекарданд. Тараккиёти хочагин кишлок ва конкоби боиси равнаки хунарманди (хусусан бофандаги) гардид. Матоъхои «пойбоф», «мулхам» занбофт шухрати калон доштанд. Инчунин равганкаши, ордкаши, шишасози , заргари, охангари таракки карданд.
Дар давраи хукмронии Сомониён савдои дохили ва хоричи авч гирифт. Ба Хитой, Хиндустон, Кавказ, мамлакатхоии Осиёи Пеш, Чануби Шаркии Европа аз Балх пуст, собун, кунчит, биринч, чормагз, бодом, мавиз, мис, аз Марв парча, борпуши пахтагин ва абрешимин, аз Нишопур матоъхои гуногун, либоси пахтагин, сузан, корд, охан, аз Нисо ва Абевард либоси пахтагин ва абрешимин, абрешим, равгани кунчит ва гайра мебурданд. Xуросон ба яке аз марказхои илму маданият табдил ёфт, ахолии он дар ташаккули халкиятхои форс, точик ва афгон роли калон бозид. Xуросон зодгохи Абулкосим Фирдавси ва як зумра олимон, шоирону нависандагони маъруфу машхури точику форс аст. Баъди бархам хурдани давлати Сомониён аз ибтидои асри 11 Xуросон зердасти Газнавиён, Салчукиён, Хоразмшохиён шуд. Солхои 1220 ва 1223 Хуросонро лашкари Чингизхон ишгол кард ва шахрхояшро ба харобазор табдил дода, кисми зиёди ахолиашро ба халокат расонд. Xуросон мавкеи пештараашро гум кард. Дар асри 14 нохияхои гарбии Xуросон маркази шуриши Сарбадорон гардиданд. Асрхои 14—15 Хуросонро Темур ба тасарруфи худ даровард. Дар замони Темуриён маданияти Xуросон боз ру ба таракки ниход. Шахри Хирот ба маркази калони тамаддуни Шарк табдил ёфт. Абдуррахмони Чоми, Алишери Навои, Камолуддин Бехзод, Султоналии Машхади ва дигарон дар Xуросон зиндаги ва эчод кардаанд. Xуросон солхои 1510—1736 тобеи Сафавиён гардид. Баъдтар як кисми Xуросон (вилоятхои Хирот ва Балх) ба Афгонистон, кисми дигараш (вилояти Машхад) ба Эрон ва кисми сеюмаш (вилояти Марву кисми шимолии куххои Копегдог) ба Туркманистон дохил шуд.
Ад.: Гафуров Б. F., Точикон, Таърихи кадимтарин, кадим ва асри миёна, ч. 1, Д., 1983; Бартольд В. В., Историко — географический обзор Ирана, Соч.. т. 7, М., 1971; Heгматов Н. Н., Государство Саманидов, Д., 1977. Н. Н. Неъматов.