Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХУНГУЗАРОНИ

ХУНГУЗАРОНИ

ХУНГУЗАРОНИ, гемотрансфузия, як усули муолича (мас., хангоми бисёр талаф додани хун, боздоштани хунрави, беморихои хун ва г.) -ро гуянд, ки зимни он ба мачрои раги бемор (реципиент) хуни донор (шахчи хундиханда) ё чузхои он (массахои эритроцити ё лейкоцити ва г.), инчунин моддахои хунивазкунанда мефиристанд.

xunguzaroni

Бо максади муолича истифода намудани хун (махсусан, хуни хайвонот) аз кадимулайём маълум аст. С. 1667 олими франсави Ж. Дени хуни барраро бомуваффакият ба беморе, ки хунаш кам буд, гузаронд. Кушишхои минбаъдаи ба одамон гузаронидани хуни хайвонот бенатича монда, боиси марги беморон гардиданд. С. 1819 акушери англис Ч. Бландел аввалин шуда хуни одамро ба одам гузаронд. Баъди аз тарафи олими австрияги К. Ландштейнер (1901) ва духтури чех Я. Янский (1907) муайян шудани гуруххои хун ва истифода шудани намаки натрии чавхари лиму (Барои консервонии хун) Xунгузрони бехавф гардида, васеъ татбик ёфт. Кашфи резус-фактор Хунгухарониро боз хам бехвфтар кард. Хунро станцияи Xунгузарони чамъ намуда, ба муассисахои табобати мефиристад. С. 1926 дар Москва аввалин дар чахон Иниститути илмии Xунгузарони ташкил шуд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …