Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОНАИ ЭЧОДИЁТИ ХАЛК

ХОНАИ ЭЧОДИЁТИ ХАЛК

dom-kultura

ХОНАИ ЭЧОДИЁТИ ХАЛК, муас­сисаи давлатии маданият, маркази ташкилию методи ва эчодии хаваскорони санъати клубхои давлати (касри хонахои маданият, клубхо, богхои маданияту истирохат ва г.). Калонтарин Хонаи марказии эчодиёти халки ба номи Н. К. Крупская с. 1936 дар Москва таъсис ёфт. Xонаи эчодиёти халк дар ихтиёри Вазорати маданияти республика, Управленияи маданият кишвар, вилоят ва г. аст. Xонаи эчодиёти халк барои хаваскорони санъат репертуар тайёр мекунад, ёрии методи ва маслихат медихад, ба инкишофи жанрхои эчодиёти бадеии халк шароит фарохам оварда, алокаи санъати касбию эчодиёти хаваскоронро мустахкам мекунад. Дар интихоб ва истифодаи асархои фолклори махалхо ба хаваскорони санъат ёри мерасонад; якчоя бо муассисахои илмии тадкикотии маданият ва санъат дар пешрафти анъанахои бехтарини эчодиёти халк имконият ба вучуд меорад. Xонаи эчодиёти халк барои такмлли ихтисоси коркунони маданият курсхо мекушояд, семинар-мачлисхо мегузаронад, фестивал, конкурс, намоишхо ва г. ташкил менамояд. С. 1929 ба муносибати ташкили РСС Точикистон дар Душанбе аввалин азназаргузаронии республикавии хаваскорони санъат баргузор гардид, ки дар он хамаги 100 нафар хаваскорон иштирок доштанд. Мохи май 1938 дар Душанбе Хонаи республикавии эчодиёти халк ба кор cap кард. Xонаи  эчодиёти халки Точикистон  ба муассисахои мадани, клубу автоклубхо, театрхои халки, ансамблхои халки, ун-хои халкии маданият, богхои маданияту истирохат ва дигар коллективхои эчодии халк рохбари мекунад ва ба онхо ёрии методи мерасонад.      К- Саидов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.