Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИРВОР

ХИРВОР

ХИРВОР, харвор, боре ки як хар бардошта тавонад, ченаки вазн, ки аз даврахои кадим дар байни халкхои Шарк маъмул аст. Xирвор охири асри 10 дар давлати оли Буя (давлати феодалии асримиёнаги дар Эрон) чори гардид ва он баробари 12 ман (дар ин давлат 1 ман 5/6 кг) буд. Вакте ки Газолхон дар давлати Халокуиён такрибан соли 1300 ченаки вазнро ба тартиб даровард, Xирворро 100 1ман (ё 83,2 кг) мукаррар намуд.

Соли  1440 дар вилояти Форс Xирвор баробари 200 мани шаръи (166,4 кг) буд. Дар Эрон, аз миёнаи асри 14, сар карда, Xирвор баробари 100 мани калон (288 кг) мукаррар гардид. Минбаъд Xирвор дар мамлакатхои алохида тагйир ёфт. Холо дар Эрон Xирвор ба 300 кг баробар аст. Дар Осиёи Миёна баъди барпо шудани Хокимияти Совети Xирвор хамчун ченаки вазн бархам хурд.

Адабиёт: Xинс В., Мусульманские меры и веса с переводом в метрическую систему, Москва, 1970.                           А. Кушматов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …