Маълумоти охирин

ХАТМИ

ХАТМИ, хитми, хайрии сурх (Lavatera саkhemiriana), ьёрсолаест аз онлаи тугмачагулхо. Аз 25 то 100 см кад мекашад. Пояаш рост, сершох, пашмакдор. Баргаш 3—5-парра, панчашакл. Гулаш калон, кифшакл, гулоби ё бунафш (дарозии гул- баргаш 3—5 см). Мевааш гирдаи тугмашакл; тухмаш гурдашакл. сиёхтоб.

Хатмии худруй дар Эрон, Афгонистон, СССР ва гайра маъмул аст. Дар Точикистон хатми асосан дар чангалзори пахнбарг, настаранзор ва юганзори каторкуххои Хисору Дарвоз, чануб ва шарки республика (1450—2400 м а-з сатхи бахр) меруяд. Дар шароити табиии республика хатми моххои июн — июл гул мекунад ва мохи август тухм мебандад.

Xатми гул ва гиёхи шифобахши хеле маъмул (алалхусус дар Шарк) аст. Саъди гуфтааст:

Хайрию хатмию нилуфару бустонафруз

Накшхое, ки дар у хира бимонад абсор.

Хусусиятхои доруии хатми, гули хайри ва гармаш кариб якхелаанд. Абуалии Сино бо барг ва чушоби бехи хатми «сузиш»-и пешобдону руда ба омоси рудаи гафсро табобат мекардааст. Тухми хатми хусусияти балгаму исхоловари дорад, инчунии сулфа ва хунпартоиро бархам медихад. Сино аз хатми мархам тайёр карда, ба омос ва думбал (пучак) мебастааст.

Аз пояи хатми нахи дурушт мегиранд ва аз он асосан аргамчину ресмони дурушт тайёр мекунанд. Хатми ро пеш барои ранг кардани матоъ низ истифода мебурданд. Тухми хатми 11—45% равган ва баргаш 112—206 мг% витамини С дорад.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …