Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАЛТУРИН Степан Николаевич

ХАЛТУРИН Степан Николаевич

ХАЛТУРИН Степан Николаевич (21. 12. 1856 ё 2. 1. 1857, дехаи Халевини (дертар Журавлии Боло) уезди Орлови губернияи Вятка, хозира раёни Халтурини вилояти Киров—3. 4. 1882, Одесса), коргари рус, революционер. Аз оилаи дехкон. Тирамохи 1875 ба Потербург омада, дар корхонахои саноатии мухталиф кор кард, бо революсионерхои халкчи алока баркарор намуд (Г. В. Плеханов ва дигарон), дар кружокхои коргари ташвикот бурд, дар тайёр намудани намоиши Казон (1876) ва намоиши дафни курбоншудагони таркиш дар заводи Патрон (9 декабр 1877) иштирок кард. Xалтурин хамрохи
В. П. Обнорский ташкилоти «Иттифоки шимолии коргарони рус»-ро ташкил намуда, рохбари он шуд ва программаи онро тайёр кард. Дар ташкил ва гузаронидани корпартои дар заводхои Петербург (солхои 1878— 79) иштирок кард. Тирамохи 1879 ба гурухи «Народная воля» хамрох шуд. Бо максади суикасд ба Александри II бо номи Степан Батышков, ба Касри зимистони дуредгар шуда ба кор даромад. 5 феврали 1880 дар каср таркиш ба вучуд овард, аммо шох зинда монд. Xалтурин 1 марти 1881 баъди аз тарафи народоволчиён кушта шудани Александри II ба Комитети ичроияи «Народная воля» дохил шуда, дар байни коргарони Москва ташвикот бурд. Xалтурин бо супориши Комитети ичроия хамрохи Н. А. Желваков 18 марти 1882 дар шахри Одесса прокурори харби — генерал В. С. Стрелниковро кушт. Хангоми хабс худро Степанов номид ва бо хамин ном аз тарафи суди округи харби хукми катл гирифт ва ба дор кашида шуд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.