Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ХАБАРОВСК

ХАБАРОВСК

ХАБАРОВСК, кишварест дар хайати РСФСР. Таъсисаш 20 октябри 1938. Масохат 824,6 хазор км2. Ахолиаш 1695 хазор нафар (4984), ахолии шахри 80%. 22 р-ии маъмури, 9 шахр ва 43 птш дорад. Ба хайати кишвар инчунин Вилояти Автонамии Яхудиён, дохил мешавад. Марказаш шахри Хабаровск.
Дар Шарки Дур вокеъ аст; аз шарк бо бахри Охота ва гулугохи Татар ихота мебошад. Кисми зиёди худуди вилоятро каторкуххои Сихотэ-Алин, Чугчур ва Сунтар-Хаята (баландиаш то 2889 м) ишгол кардаанд. Иклим муътадили муссонист.

xabarovsk

Харорати миёнаи январ аз-16 то —40°С, июл 14—24вС. Боришоти солона 500—900 мм. Дарёи асоси — Амур. Хоки заминаш чимтолию хокистартоб, ботлоки ва бури бешаги. Бешахои сузанбаргу дахнбарг (бо намудхои флораи манчжури) мавчуданд. Мамнуъгоххояш: Болыпехехсирск ва Комсомолск.
Xабаровск ба нохияи иктисодии Шарки Дур дохил мешавад. Сохахои асосии саноаташ: мошинсози ва коркарди металл (истехсоли киштихои бахрий ва дарёи, дастгоххо, трансформаторхо, компрессорхо, мошинхои хочагии кишлок ва гайра), металлургияи сиёх, чангал, чубкори, селлюлозаю когаз, саноати истихрочи сарватхои табии(ангишт, маъдани металлхои ранга ва ГАЙРА) , мохи, коркарди нефт (кубури нефтгузари Оха — Комсомолски Амур). Марказхои асосии саноат: Хабаровск, Комсомолски Амуо. Биробичон, Советская Гаван, Николаевски Амур, Амурск. Гандум, чав. чавдор, соя ва гайра мекоранд. Чорвои гушту ширдех (гов, гавазн, хук), мургу мургоби, занбури асал мепарваранд. Хочагихои шикори хайвоноти муйинадор мавчуданд. Аз кисми чанубии кишвар рохи охани Байкалу Амур мегузарад. Наклиёти бахри ривоч ёфтааст. Бандархояш: Ванино, Комсомолски Амур. Дар дарёи Амур киштихо мегарданд. Курортхо: Кулдур, Чашмахои минералии Анненск. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1965).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …