Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ГОЛИБ Мирзо Асадуллох

ГОЛИБ Мирзо Асадуллох

ГОЛИБ Мирзо Асадуллох (21. 12. 1797, Акбаробод—15. 2. 1869, Дехли), нависандаи хинду. Ба забонхои форсию урду эчод кардааст. Гузаштагони Г. аз Самарканд будаанд. Г. дар назди модараш савод бароварда, баъд ба тахсили Мадраса шуруъ кард. Сарфу нахви араби, мантик, фалсафа, адабиёт, таърих, тиб,хдайат, аруз ва мусикиро худомузи кардааст. Аз с. 1825 ба навиштани асархои манзуму мансури форси машгул шудааст. Мероси адабии Г. аз асархои зерин иборат аст: «Куллиёти назми форси» (дорои касида, газал, китъа, мухаммас, маснави, таркиббанду тарчеъбанд ва рубои; 10522 байт), «Сабадчин» (ашъори форси, ки баъд аз нашри «Куллиёт»-аш эчод шудааст, 825 байт), «Мутафаррикоти Голиб» (аз ду кисм иборат буда, кисми аввал мактубхои ба дустон навиштааш, кисми дуюм ду шеъри урду ва ду китъаю ду маснавии форсиро дар бар гирифтааст), «Сабади боги ду дар» (асархои манзуму мансури охири хаёташ), «Дуои сабох» (манзумаест ба сюжети яке аз киссахои араби), «Панч оханг» (аз панч боб иборат буда, мавзуъхои мухталифро дар бар гирифтааст), «Мехри нимруз» (таърихи хонадони Бобуриёни Хинд), «Дастанбу» (тафсили вокеахое, ки дар давраи шуриши халкии с-хои 1857 —59 дар Дехли аз cap гузарондааст ва дигар вокеахои таърихи он давр), «Котеъи бурхон» (дар танкиди фарханги «Бурхони котеъ»), «Дирафши ковиёни» (фарханг), «Осори Голиб» (асархои хачман хурди урдую форсиаш), «Девони урду» (аз газалиёту касоид, маснавиёту мукаттаот, рубоиёту мухаммасот ва марсияхо иборат), «Уди хинди» (мактубхои урдуаш), «Муаммохои урду» (асархои насрии урдуаш), «Макотиби Голиб» (111 адад мактуби урдуаш), «Нодироти Голиб» (мактубхои урдуаш) ва «Нукоти Голиб» (рисолаи урду оид ба сарфу нахви забони форси) ва г.

Дар асардои Г. мавзуъхои мухталифи рузгори шоир, аз чумла, танкиди зулму золимон, шикоят аз замона, мазаммати макри арбобони дин, бовар ба ояндаи нек, инчунин тасвири рузгори пурдарду аламаш, тасвири манзарахои зебои табиат, ишку мухаббати поки инсони, панду ахлоки, фалсафи, ватанпарварию инсондусти мавкеи асосиро ишгол мекунанд.

Ос.: Мунтахаби осори форсии Мирзо Асадулло Голиб, Д., 1967.

Ад.: Гаффоров А.. Мирзо Асадулло Голиб, Д., 1965.      Л. Гаффоров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.