Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФУЗУЛИ Мухаммад Сулаймон

ФУЗУЛИ Мухаммад Сулаймон

ФУЗУЛИ Мухаммад Сулаймон (1498, нохияи Карбалои Ирок— 1556), шоир ва мутафаккири Озарбойчон. Асархояш ба забонхои турки (озарбойчони), форси ва араби таълиф шудаанд. Фузули дар назди падараш савод бароварда, тахсилро дар мадрасаи Багдод давом дод. Чанд сол дар мадрасаи Багдод мударрис буд.
Фузули дар забонхои форси, турки ва араби се девони газалиёт ва касоид дорад. Девони форсии у 392 газал, девони туркиаш 295 газалро дар бар мегирад. Фузули газалхояшро дар пайравин Хофиз эчод кардааст. Дар газалиёти у олами маънавии инсон, тугёни хиссиёт тасвир ёфта, одамони чохилу разил сахт мазаммат шудаанд. Газалиёташ аз таъсири тасаввуф холи нест. Фузули шаклу мазмуни газалро содда карда, шеваи наверо пеш гирифтааст, ки онро газали фузуливор гуфтаанд. Достони «Лайли ва Мачнун» (1536—37) аз чумлаи бехтарин асархои Фузули мебошад.
У дар ин достон, ки бо «Лайлй ва Мачнун»-и Чоми ва Хотифи хамбастаги дорад, ба рузгори кахрамонони худ тагйироти чидди даровардааст. Як чихати чолиби диккати достони Фузули дар он аст, ки шоир барои боз хам бехтар ифода намудани хиссиёти кахрамонон аз вазну сюжети асосии асар берун рафта, дар он бисёр газалхои худро истифода бурдааст. Ин достон дар байни халкхои туркизабон шухрати зиёде доштааст. Дигар асархои Фузули «Матлаъ-ул-эътикод» (рисолаи фалсафи), «Сухбат-ул-асмор», «Бангу Бода», «Хафт чом» (манзум),. «Сихату мараз», «Ринду Зохид» (мансур), «Шикоятнома» ва гайра мебошанд. Фузули мухлиси таърих, забон ва адабиёти форс-точик буда, аз тачрибаи эчодии намояндагони барчастаи он бахрахо бардоштааст. Ба таъбири адабиётшиноси эрони Бегли, «Фузули мазмун, маъни ва сурати дилкаши шеъри форсиро барои халкхои туркигуй дар шакли гуворое мерасонд». Худи Фузули хам дар сарсухани «Девони форси» навиштааст; «Турки аслу насаби ман аст, араби забони илм мебошад ва форси ба коми дили ман аст». Касидаи у «Анисул-калб» дар асоси анъанахои касидасароии Хокони, Амир Хусрав ва Абдуррахмони Чоми ба забони форси эчод шудааст. Фузули ба эчодиёти Абдуррахмони Чоми хам мухаббат доштааст. У «Чихил хадис»-и Чомиро аз точики ба озарбойчони гардонда, худ хадиси 41-ро зам кардааст, ки дар ситоиши Чоми мебошад. Тарчумаи озарбойчонии асари Воизи Кошифи «Равзат-уш-шухадо» (бо номи «Бахтлилар баги») низ ба калами у тааллук дорад. Шоирони точик (Исо-махдум, Кошифи Хучанди, Комили Хисори, Айни, Лохути) газалхои Фузулиро назираву тазмин кардаанд. Асархои Фузули ба забонхои руси, араби ва форси ба табъ расидаанд. Дар Боку хайкали у гузошта шудааст.
Осор: Гулчини ашъор, Сталинобод, 1960.
Ад.: Б е р т е л ь с Е. Э., Низами и Физули, Москва, 1962. В. Самад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.