Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФРАЙ Ричард Нелсон

ФРАЙ Ричард Нелсон

ФРАЙ (Ггуе) Ричард Нелсон (таваллуд 10. 1. 1920, Бирмингам), шаркшиноси америкои. Пас аз хатми Университети шахри Харвард (1946) ду сол дар назди профессор В. Б. Кеннинг забовхои эронии кадим ва миёнаро омухтааст.
Дар университхои Техрон (1951—52), Франкфурт (1958—50), Хамбург (1968—69), Шероз (1969—74) кор кардааст.
Ба калами Фрай зиёда аз 100 маколаву рисола ва монография тааллук дорад. Вай ба масъалахои таърихи кадими Эрон ва Осиёи Миёна, осори хатии адабиёти кадими халкхои эронинажод, сиккахои давлатхои кадима, сангнавиштахои форсии миёна ва порти, динхои кадими мардуми эронинажод, адабиёти классикии форс-точик ва гайра дахл кардааст. «Таърихи Бухоро»-и Наршахиро ба англиси тарчума карда, бо тафсироти муфид ба табъ расонидааст (1954). Муаллифи асари «Мероси Форс» (1962; дар тарчумаи русиаш «Наследие Ирана» — «Мероси Эрон», Москва. 1972).
Осор: Islamic Iran and Central Asia (7th-12th senturies) London 1979.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.