ФОНИИ ШЕРОЗИ (Хоча Мухаммад ибии Махмуди маъруф ба Дехдор (соли таваллуд номаълум — вафот 1608, Сурат, Хиндустон), шоир ва донишманди эрони. Илмхои расмии даврро дар Шероз омухтааст. Пас аз касби камол ба Хиндустон рафта, дар дарбори хокимони он диёр хидмат кардааст. Фонии Шерози пайрави тасаввуф будааст. Аз у девони ашъор иборат аз касоид, газалиёт, тарчеот, рубоиёт ва гайра, маснавие ба номи «Хафт дилбар», инчунин 17 рисолаи тасаввуфи боки мондааст, ки дар китобхонахои Хиндустон махфузанд. Фонии Шерози ба «Гулшани роз»-и Махмуди Шабистари ва «Нафахот-ул-унс»-н Абдуррахмони Чоми ва гайра хошияхо (шарх) навиштааст. Тафсири якчанд сураи Куръон низ ба калами у тааллук дорад.