Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОНИИ КАШМИРИ Мухаммад Мухсин

ФОНИИ КАШМИРИ Мухаммад Мухсин

ФОНИИ КАШМИРИ Мухаммад Мухсин (соли таваллуд номаълум — вафот 1670, Кашмир), шоири форсизабони Хиндустон. Дар зодгохаш тарбия ёфта, илмхои маъмули он замон — илохйёт, фикх, мантик, сарфу нахв, тиб, адабиёт ва гайраро аз худ намуд. Фонии Кашмири баъди тахсил ба чанде аз нохияхои Хиндустон сафар кард. Сипас, ба Балх омада, ба хидмати хукмрони он чо дохил шуд. Баъдтар боз ба Хиндустон баргашта, ба дарбори Шохичаъон рох ёфт ва ба мансаби садорати шахри Оллохобод таъин гардид. Вале дертар ба сабабе аз ин вазифа маъзул гардида, ба Кашмир баргашт ва то охири умр ба кори эчоди ва таълиму тарбияи адибон пардохт. Мухаммадтохир Гании Кашмири, Хочи Асламхони Солим (шоирони машхури асри 17 Хиндустон) шогирдони Фонии Кашмири мебошанд.
Фонии Кашмири дар назм дасти кави дошта, осори гаронбахое, аз чумла чахор маснави («Нозу Ниёз», «Майхона», «Масдар-ул-осор», «Хафт ахтар») ва девони ашъор ба мерос гузоштааст. Ин маснавихо аз «Хамса»-и нотамоми у буда, дар татаббуи «Хамса»-и Низомии Ганчави навишта шудаанд.
Маснавии «Нозу Ниёз» (1928 байт) дар пайравии «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганчави таълиф ёфтааст. Сюжети достон ба вокеаи хакикии хаёти — ишки Сайидмусо ном чавони мусулмон ва хиндудухтар Мухини асос ёфтааст.
Маснавии «Майхона» (1279 байт) масъалахои гуногуни тасаввуфи ва фалсафиро дар бар мегирад. Сюжети муайяне надорад. Дар чанде аз бобхои ин маснави табиати зебои Кашмир тавсиф шудааст. Шоир мусики, шоди, ишк, илмомузиро тараннум намуда, шайхони чохил ва хокимони золимро танкид кардааст. Маснавихои «Масдар-ул-осор» (2278 байт) ва «Хафт ахтар» (1607 байт) дар татабуи «Махзан-ул-асрор» ва «Хафт пайкар»-и Низомии Ганчави таълиф шудаанд. Дар достони аввал масъалахои тасаввуфи ва ахлоки мавриди тадкик карор гирифтаанд, сюжети достони дуюм бошад, ишкист.
Девони ашъори Фонии Кашмири касида, китъа ва газалиёти уро (такрибан 360 газал) дар бар мегирад. Фонии Кашмири дар газалиёташ ба гайр аз мавзуъхои анъанави ба мавзуъхои руамарра, аэ чумла вокеахои ичтимои, авч гирифтани зулму истибдод низ дахл кардааст. Масалан:
Дар чахон нахли ситамро нест уммеди самар.
Хуни нохак хушк кард охир нихоли дорро.
Забони ашъори Фонии Кашмири соддаву равон аст. Ба акидаи муаллифони баъзе сарчашмахои адаби, Фонии Кашмири осори мансур низ доштааст.
Осор: Мунтахаби ашъор, Душанбе. 1986.
А. Алимардонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.