ФОНЕМА (аз юнони рhonema—овоз), хурдтарин вохиди овозии забон аст, ки ба чузъхои паи хам чудо намешавад ва метавонад ба сифати симои овозии вохидхои маънодор — морфема, калима истифода гардад. Мафхуми фонема дар забошниноси бо максади аз хусусиятхои тавлидию акустикии овозхои нутк чудо кардани вазифахои онхо — имконияти ба воситаи овозхо фарк кунонидани калима ва шаклхои он (вазифаи маъиофарккуни) истифода мешавад. Гохо дар як мухити фонотики фонема дар шакли ду овози баробархукуке, ки ба тагйири маънои калима якдигарро иваз карда метавонанд, зохир мешавад (масалан, хамсадохои ч ва ж дар забони точики: чола — жола, качдум — каждум). Ин овозхо тобишхои озод (факултативи) номида мешаванд.
Фонема дорои ду нишона мебошад: нишонаи фонемаги (диференсиали), ки барои фарк кардани фонемахои ягон забон истифода мешаванд ва тобиши (интеграли).
Мисоли нишонахои фонемаги дахони будани тарзи талаффузи фонемахои б ва д шуда метавонад, зеро ин нишона овозхои мазкурро аз хамсадохои димогии м ва н фарк мекунонад. Барои нишонахои тобиши бечарангии хамсадои к-и точикиро мисол овардан мумкин аст. Ин хамсадо дар забони точики чуфти чарангнок надорад ва аз хамин ру нишонаи чарангнокию бечаранги барои к арзиши фонологи надорад.
Л. Зиндер, Т. Хаскашев.
Инчунин кобед
САРМАШК
САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …