Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИТРАТИ ДАРВОЗИ Лутфуллоххоча

ФИТРАТИ ДАРВОЗИ Лутфуллоххоча

ФИТРАТИ ДАРВОЗИ Лутфуллоххоча (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири точик. Дар асри 19 ва аввали асри 20 зиндаги кардааст. Зодгохаш Дарвоз. Баъди хатми мактаб барои тахсил ба Бухоро рафт. Мадрасаро тамом карда, саххофиро пеша намуд. Фитрати Дарвози шоири боистеъдод ва баркамоле буда, ашъори парокандаи зиёди у дар баёзхо дучор меоянд. Ба чамъоварии ашъори шоирони муосираш низ машгул шуда, ду баёз тартиб додааст, ки яке аз онхо ба шакли дастнавис буда, дар Ганчинаи дастнависхои шаркии Институти шаркшиносии Академияи Фанхои РСС Точикистон зери раками 61 махфуз аст ва дигаре бо номи «Мачмуат-уш-шуаро» соли 1910 дар Тошканд ба табъ расидааст. Ин рубои намунаи ашъори уст:
Ёкути лабат ба гавхари чон надихам,
Куфри сари зулфи ту ба имон надихам.
Гуфтам: «Хунам ба гардани гамзаи туст.
Хандиду ба гамза гуфт: «Товон надихам».
А. Хабибов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.