Маълумоти охирин

ФИРКА

ФИРКА, (араби—гурух, чамоат), гуруххо ё шохахои сершумори дини исломро гуяпд, ки нисбат ба рукнхои асосии он дар ихтилофанд. Дар хадисе рочеъ ба 73 Фиркаи ислом сухан меравад. Гуё тамоми фиркахои ислом дар натичаи ихтилоф бо ахли суннат ва часмоат ба вучуд омадаанд.

Чараёни ба вучуд омадани фиркахои исломро бисёр муаррихон шарх дода мегуянд, ки баъди марги Мухаммад аввалин ихтилоф дар бораи абади ё фони будани хаёти пайгамбар ба вучуд омада буд. Минбаъд масъалахои чои дафни часади Мухаммад (Макка ё Мадина), имомат, чонишинии пайгамбар, таксими мероси у ва гайра ихтилофхои тозаро ба миён оварданд, ки дар натича бо сардории афроди дар чамъият мавкею нуфуздошта ва даъвогари хокимият буда фиркахои нав ба вучуд амаданд. Хусусан баъди кушта шудани Усмон дар давраи Али ва баъди у ихтилоф нихоят пурзур шуда, боиси пайдоиши чараёнхои шиа, хоричия ва дигар  фирка ва мазхабхо гардид.

islam-koran

Бино оа акидаи аксари муаррихони дин ва фалсафа баъди тарчумаи адабиёти илмию фалсафии атикан юнони ва ошнои бо афкору анъанахои фархангни тоисламии халкхои Шарк дар дини ислом низ фиркахои гунагуни дррои хусусиятхои фалсафию озадандеши ба вучуд омаданд. Аввал чараёни чадария ва чабария ба вучуд омад, сони хоричия ба якчанд даста чудо шуд ва Восил ибни Ато (699—748) чараёни муътазилияро ба вучуд овард. Бо хамин усул рофизия, мурчиия, наччория, карромия, зародия, чахмия ва гайра пайдо шуданд.

Дар адабиёти динию фалсафии асрхои миёна байни мазхабу фирка фарки куллие вучуд надорад ва аксараи ба хам омехта шудаанд. Дар адабиёти муосир низ акидахои гуногун мавчуданд. Масалан, баъзе мухаккикони муосири Эрон мазхабро чахонбинии томе мешуморанд, ки аз акидахои чахоншиноси (чараёни халкати одаму олам) ва одобу ахлоки шаръи иборат мебошад. Аз ин нуктаи нааар танхо дини алохидаро мазхаб шуморидан мумкин аст. Бино ба акидаи мухаккики араб Чуруллох фирка ташкилоти дорои барномаю устави муайяне мебошад. И. П. Петрушевский фиркаро аз гурухи диндороне иборат медонад, ки аз масъалахои чамоа даст кашида, рохи мустакилеро интихоб кардаанд. Дар ислому хоричиён ва ахли шиаро фирка медонад ва муътакид аст, ки мазхабхо аз хам бештар дар масъалахои хукуки ва ичрои русуму одоти шаръи фарк мекунанд. Аз ин ру, ба чунин хулосае омадан мумкин аст, ки холо дар адабиёти динию фалсафи мафхумхои фирка, мазхаб, чараён, равия ва гайра ба таври илми тахкик нашудаанд.

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …