Маълумоти охирин

ФИЧИ

ФИЧИ (Гiji), давлатест дар Укёнусия, дар кисми чанубу гарби укёнуси Ором, дар чазирахои Фичи. Ба Иттиходи Британия дохил аст. Масохаташ 18,3 хазор км2. Ахолиаш 672 хазор нафар (1983) ; асосан фичигихо ва хиндухо. Забони расми англиси. Диндорон ба масехия, хиндуия ва ислом эътикод доранд. Пойтахташ шахри Сува. Органи конунбарор парламенти дупалатагист. Сардори давлат — маликаи Англия, аз номи у генералгубернатор хукмрони мекунад.

fiji

Релефи чазирахо (калонтаринашон Вити-Леву ва Вануа-Леву) асосан аз пуштакуххо иборат буда, онхоро каторкуххо (баландиашон то 1322 м) бурида мегузаранд. Иклимаш тропикии укёнусист. Боришоти солона аз 1700 то 3500 мм. Бешахои сернами тропики ва савалнахо мавчуданд. Чазирахоро А. Тасман (1643) ва Ч. Кук (1774) кашф кардаанд. Аз соли 1874 мустамликаи Англия. Аз 10 октябри 1970 давлати мустакил дар хайати Иттиходи Британия. Аз соли 1974 бо СССР алокаи дипломати дорад. Асоси иктисодиёташ хочагии кишлок аст. Ба хорича магзи норчил, найшакар, банан ва инчунин тилло мебарорад. Тули роххои автомобилгард 3 хазор км. Шарикоии асосии тичоратиаш: Британияи Кабир, Австралия. Вохнди пул—доллари фичи.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …