Маълумоти охирин

ЭПИГРАФ

ЭПИГРАФ (аз юн. epigraphe — катиба), матнт кутохест, ки нависанда дар огози асар ва ё огози кисмхои он чой медихад. Анъанаи овардани Э. дар адабиёти Европаи Гарби аз а.14 огоз ёфтааст. Сухани нависандагону олимони бузург, зарбулмасалу маколхо, ибораю ифодахои рехта ва суфтаи халки, шохбайтхо, мисраъхои хикматомези пандномаи бузургон Э. интихоб мешавад. Хачми Э. хурд, вале мазмунаш доманадор аст. Нависанда ба воситаи Э. ба мундаричаи гоявии асараш, мароми эчодиаш ишора мекунад. А. С. Пушкин дар повести «Духтари капитан» зарбулмасали «Шарафро дар хавони нигох дор»-ро Э. овардааст. М. Тур-сунзода дар манзумаи «Таронаи ишк» байти зерини Хофизи Шерозиро:

Агар он турки шерози ба даст орад дили моро,

Ба холи хиндуяш бахшам Самарканду Бхороро

Э оварда ба ин васила нуктаи назарашро ба яке аз мавзуъхои анъанавии адабиёти точик ва образи маъшуки баён кардааст. Гохо нависандагон Э. менависанд ё аз осори худ Э. меоваранд. Э.-и достони М. Миршакар «Ленин дар Помар» чанд мисраи шеъри худи у «Аз зиндахо хам зиндатар.» аст, ки нияти эчодиашро хеле хуб ифода кардааст:

«У зиндaвy бо номи вай

Дорад Ватан садхо нафар.

Фатху зафархои Ватан

Карданд уро зиндатар…»

Х. Мухаммадиев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …