Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Достони «РАМАЯНА»

Достони «РАМАЯНА»

ramajana

«РАМАЯНА», достони эпикии хиндии кадим ба санскрит; ба шахси ривояти, шоири Хиндустони Кадим Вадмики нисбат дода мешавад. Такрибан дар асри 4 то мелод дар Хиндустони Шарки офарида шудааст; нусхаи имрузааш дар асри 2 мураттаб гардидааст. Дар асрхои миёна «Рамаяна» яке аз китобхои мукаддаси виш­нуизм гардид. «Рамаяна» аз кахрамонихои Рама хикоят мекунад. Рама пахлавони часуру пурзурест, ки аз Хиндустони Шимоли ба чазираи Ланка (Шри-Ланка) барои аз банди асорати Раванаи чодугар озод намудани завчааш —Сита хучум намуда, ба максад мерасад. Вокеоти зиёди дос­тон дар атрофи хамин хатти сюжет тасвир шудааст. Баъзехо муътакиданд, ки дар «Рамаяна» вочеоти таърихи — харакати кабилахои ориёи ба Хиндустони Чануби ва задухурдхои онхо бо кабилахои мукимии он нохия инъикос ёфтааст. Дар «Рамаяна» ривояту асотир ва афсонахо бо ходисаву вокеахои давраи офариниши асар омехта каламдод шуда­анд. «Рамаяна» баъд аз «Махабхарата» дуюмин достони бузурги эпикии хин­ди мебошад, ки дарачаи наву баландтари пешрафти ичтимои ва маданиро тачассум менамояд. Кисмхои асосии «Рамаяна» аз чихати сохту мундарича мукаммаланд. Бешубха, ин кисмхо ба калами муаллифи чудогонае мансубанд. «Рамаяна» аз чихати шакли бадеи мукаммал буда, аз воситахои тасвири бадеи бой аст. Аз ин чост, ки «Рамаяна» дар адабиёти хинди яке аз машхуртарин acapхо мебошад. Дар асрхои миёна «Рамаяна» дар Тибет, Хитой ва мамлакатхои Осиёи Чанубу Шарки интишор ёфт. Дар асоси «Рамаяна» нависандагони хинд Калидаса, Бхавабхути, Бхатти асархо офаридаанд. Дар осори динии буд­дои ва чайни «Рамаяна» мавриди истифода карор гирифтааст. «РАмаяна» ба забонхои банголи, малаяли, маратхи ва берун аз хоки Хиндустон ба забони явании кадим тарчума шудааст. Дар асоси тарчумаи явании ин ёдгории адаби ба забонхои кхмери, таи, малаи ва дигар забонхои Хинду- хитою Индонезия эпосхои кахрамони ба миён омаданд.

Нашр: Махабхарата. Рамаяна. М., 1974; Три великих сказания Древней Индии, М., 1978.

Ад.: ГринцерП. А., Махабхарата и Рамаяна, М., 1970; дамон муалл., Древнеиндийский эпос, М., 1974,

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …