Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Димнаи САКСАНОХУР

Димнаи САКСАНОХУР

САКСАНОХУР, димна, ёдгории археологии мансуб ба асрхои 3—2 то мелод (охирхои давраи Юнону Бохтар), ки дар сохили дарёи Панч, 7 км шимолтар аз птш Фархори pайони Фархори вилояти Кулоб вокеъ аст. Масохаташ кариб 5 га. Хангоми хафриёт махалхои хунармандон ва комплекси касру маъбадхо ёфт шуд. Ин комплекс хавлии мураббаъ (27,7X27,7 м) ва аз се тараф долон дорад. Дар як тарафи хавли айвони чорсутун хаст, ки ба воситаи пойгах бо долон пайваст мешавад. Дар шафати айвон икоматгоххон хурд, дар ру ба руи айвон толори дусутуна вокеъ аст. Долон толору хонаи нишаст ва курбонгохро ба хам испайваст. Бар кади кисми гарбии долон хашт иморат — кабулгох ва маъбадхои каср чой гирифтаанд. Дар кисми шимоли биное вокеъ аст, ки хучрахояш мураббаъ ва сутункорист. Деворхои бино гафсу мустахкам, бомаш гумбазпуш. Хонахои калон бошад, бо усули анъанави — пайвасти сутуну синчу болор сохта шудаанд. Остонаи мехионхонахо аз тахтасангхост. Сутунхои баланди айвон аз санг аст, ки бошахои галати дорад. Дар паси айвон толори калонест, ки ду катор сутун дорад. Дар шафати хонаи зисту мехроб будани толор шаходат медихад, ки он ибодатгохи комплекс будааст. Аз Саксанохур бисёр зарфу хайкалчахои сафоли, зару зевар, аз чумла себаргаи тилло ба даст омад. Кашфи Саксанохур сахифаи навест дар омузиши хаёти сиёси, ичтимои ва мадании ачдоди точикон дар охири даврахои давлати Юнону Бохтар.
Ля.: Л и т в и к с к ий Б. А.,
М у хитдино в X., Античное городище Саксано- хур, СА. 1969, .N1 1; Гафуров В. Г.. Таджики. ДревнеЙшап, древний и средневекопал истории, Мм 1972.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …