Ошур давлати кадимест дар худуди хозираи Ирок. Дар миёнаи хазораи 2 то милод шахри Ошур ва мулкхои он маркази Ошур шуд. Машгулияти асосии ахоли чорводори ва дехкони буд. Захирахои чангал, санг, фулузот ба тараккиёти хунарманди мусоидагг мекарданд. Ошур аз руи мавкеи географи василаи савдои байни Байнаннахрайн ва Осиёи Хурд буд. Ошурро асри 18 то милод Бобулистон, дар асрхои 16—15 то милод. Миттани забт карданд.
Вале шохи Ошур Ошурбаллит (охири асри 15 — аввли асри 14 то милод) истиклолият ба даст оварда, Бобулистонро ба худ тобеъ кард. Асрхои 16—13 давраи хукмронии падаршохи буд ва хамон вактхо ба табакахо чудошавии ахо- ли cap шуд. Дар натичаи чангхои истилогаронаи асрхои 14—13 то милод дар Ошур шумораи гуломон афзуд. Ошур охири асри 12 — аввали асри 11 то милод дар Бобулистон, Сурияи Шимоли, Финидия бомуваффакият чангида, ба пуштакухи Арманистон тохтутозхо кард. Вале дар натичаи харакати кабилахои оромихо суст ва ба кисмхо чудо шуд.
Шохони Ошур асрхои 10—9 то милод низ ба мудобили Бобулистон, Урарту, Мод, Сурия чангхои истилогарона карданд. Дар натичаи чангдо хочагии кишлок хароб гардида, бухрони ичтимоию сиёси ба амал омад. Дар мамлакат низоъхои дохили cap зада, дар натичаи чанги сеюми граждани Тиглатпаласари III подшох шуд (745— 727 то милод). У ислохоти давлати гузаронида, мухочирати оммавии кабилахои тобеъро ба конун даровард, хукуки волиёнро махдуд намуда, армияи мунтазам ташкил кард. Дар ахди у чангхои истилогарона боз авч гирифтанд.
Ошур дар зарфи 100 сол кариб хамаи Осиёи Пеш ва Мисрро забт карда, ба давлати тавоно табдил ёфт. Зиддияту низоъхои дохили, муборизаи озодихохонаи халкхои тобеъ давлати Ошурро суст карданд. Чанги Ошурбонипал (669 — тадричан 633 то милод) ба мудобили Бобулистон ва иттифодкчиёни он Ошурро заиф кард. Баъди чанги дарозмуддат соли 605 то милод Ошур аз Бобулистон ва Мод шикает хурд ва пароканда гардид. Ахоли бо оромихои Байнаннахрайн омехта шуд.