Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧАПАЕВ Василий Иванович

ЧАПАЕВ Василий Иванович

chapaev-v-i

ЧАПАЕВ Василий Иванович (9. 2. 1887, дехаи Будайки, холо дар худуди ш. Чебоксар» РАСС Чуваш.—15. 9. 1919, наздикии ш. Лбищенск, холо ш. Чапаеви вил. Урали РСС Казокистон.), кахрамони Чанги граждани (1918—20). Аз оилаи дехкони камбагал. Аъзои  КПСС аз сент. 1917. Аз с. 1914 дар армия. С. 1918 отряди гвардиячиёни сурхро ташкил ва дар Николаевск исёни кулаку эсерхоро махв намуд. Аз май 1918—командири бригада, аз сент. 1918 сардори Дивизияи 2-юми Николаевск, аз апр. 1919 камандири дивизияи 25-уми тирандози буд. Дар торумор намудани кушунхои Колчак дар бахори с. 1919 Чапаев бо дивизияаш корнамоии зиёде нишон додааст. С. 1919 Дивизияи 25-ум тахти фармондехии Чапаев шахри Уралскро озод намуд. Шаби 5 сент. 1919 гвардиячиёни сафед ногахон ба штаби дивизия хучум оварданд. Чапаев дар чанг халок шуд. Бо ордени Байраки Сурх мукофотонида шудааст. Образи дурахшони Чапаев дар повести «Чапаев»-и Д. А. Фурманов (комиссари Харбии Дивизияи 25-ум) ва филми аз руи он банаворгирифта инъикос ёфтааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.