Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / БОШКИРДИСТОН

БОШКИРДИСТОН

bashkiriyaБОШКИРДИСТОН, Чумхурии Бошкирдистои (бошкирди Башкортостан Республикасы), субъекти Федератсия Руссия. Дар доманаи кухи Урали Чануби чойгир буда, аз шимол бо вилоятхои Перм ва Свердловск, аз шарк бо Челя­бинск, аз чануб бо Оренбург, аз гарб бо Чумхурии Тотористон, аз шимоли гарб бо Чумхурии Удмурдистон хамсархад аст. Мансуби округи федералии Приволжск. Масохаташ 143,6 хазор км2. Ахолиаш 4,1 млн нафар (2013). Пойтахташ шахри Уфа.

Сохти давлати. Бошкирдистон чумхурии президентист. Конститутсияи амалкунанда соли 1993 кабул шудааст. Сардори давлат президент, ки дар Мачлиси давлати – Курултой бо пешниходи Президенти Федератсияи Руссия интихоб мешавад. Макоми олии конунбарор Мачлиси давлатии дупалатаги – Курултой, ки иборат аз Мачлиси (палатаи) конунбарор ва Мачлиси (палатаи) намояндагон аст. Макоми олии конунбарор – Шурои вазирон бо сарварии сарвазир. Макомоти олии суди – Суди оли ва Суди хаками. Аз чихати маъмури аз 21 шахри тобеи чумхури, 54 нохия, 40 шахрак ва 945 чамоати дехот иборат аст.

Табиат. Кисми гарбии Бошкирдистон хамвор буда, кисми шаркиаш асосан кухсор аст. Дар ин чо Урали Чануби хеле ба­ланд мебошад (куллаи кухи Ямонтов, 1640 метр). Иклимаш континентали. Харорати миёнаи январ — 18°С, июл +18°С. Боришоти миёнаи солона дар наздикии Урал 400 500 миллиметр, дар паси Урал кариб то 300 миллиметр. Дарёхои асосии Бошкирдистон: Белая (Агидел 1430 километр) ва шохобхои он, Уфа (918 километр), Дёма (535 километр), Нугуш (235 километр), Сим (239 километр), Ашкадар (165 километр), Стерля (94 километр). Дар Урал кулхои зиёде (кариб 2700) мавчуданд, ки бузургтаринашон Асликул (18,5 км2) ва Кандрикул (12 км2) мебошанд ва дар онхо 40 намуд мохи хаст. Хокаш сиёхзамин, хокистарранги чангали, хокистари ва чимзамини хокистарранг, гумусу карбонатдор ва гайра. Бештар аз 40 дарсади худуди Бошкирдистон чангалзор буда, захи­раи чуб зиёд аст. Дарахтони санавбари пахнбарг, булут, сузанбарги сиёх ва тус меруянд. Бошкирдистон аз чихати сарватхои табии гани буда, захирахои бузурги нафт, гази табии, ан­гиштсанг, маъдани охан, тило, намаксанг ва гайра дорад. Ола­ми хайвоноти Бошкирдистон гуногун буда, хайвонот ва парандагон (286 намуд) бисёранд. Аз чумла, хирс, санчоб, харгуш, силовсин, савсор, бурундук, сагоби, юрмон, сугур, миримушон, харгуши зард, курмуш, чилмург, кабк, титав вомехуранд. Дар кулу дарёхои Бошкирдистон 47 намуди мохи мавчуд аст, ки 13 намуди он ба Китоби сурхи Бошкирдистон ворид карда шудааст. Аз чумла, тосмохи, гулмохии дарёи, озодмохии аврупои, симмохи, рафидамохи, аломохи ва суфмохи мавчуданд. Худудхои хифзшавандаи Бошкирдистон: Боги миллии «Бошкирдистон», мамнуъгоххои Бошкирдистон, Чануби Урал ва Шулган-Тош. Дар худуди мамнуъгохи Шулган-Тош яке аз горхои бузургтарин дар Урал (машхур бо номи Капова) мавчуд аст, ки дарозиаш 3 километр аст. Масоили экологии Бошкирдистон: нобуд ва кам шудани бешазорхо, олудашавии обанбору маргзор боиси кам шудани хуки вахши (гуроз), хирс, кукндуз, гавазн гардидаанд. Дар Бошкирдистон намудхои зиёди парандагон (мурги сакко, укоби дашти, дугдог) низ нобуд гаштаанд.

Ахоли. Дар Бошкирдистон намояндагони 30 халкият зиндагони мекунанд: аз чумла, бошкирдхо (22%), русхо (39%), тоторхо (28%), чувашхо ва марийхо. Ду забони расми – бошкирди ва руси амал мекунад. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км2 28,41 нафар (2013). 60,4 дарсади ахоли дар шахрхо маскун буда, сокинони дехот 39,6 дарсадро ташкил ме­диханд. Рухониёни бошкирд асосан мусулмонони суннимазхабанд. Дини православи низ пахн гардида, мазхабу акидахои анъанави нигох дошта шудаанд. Шахрхои бузургаш: Уфа, Агидел, Нефтекамск, Эшимбой, Белореск, Белебей.

Таърих. Маскуншавии нахустин дар худуди Бошкирдистон ба дав­раи полеолит рост меояд. Дар асрхои 3-2 то милод умумияти фарханги таърихии одамон муайян гардида буд. Авва­лин маълумоти хатти дар бораи ахолии Урали Чануби дар дастхатхои муаллифони кадим дар хазораи 1-и то милод кайд гаштааст. Дар ин давра аввалин шуда гунхо ба худуди Бошкирдистон зада даромаданд ва аз паси худ ахолии махаллии бодиянишинро оварданд. Машгулияти асосии кабилахои маскуни Бошкирдистон дар асри биринчи чорводори ва зироат буд. Бошкирдхо дар сарчашмахои хаттии араби (Ибни Фазлон) дар асрхои 9-10 бо номи «бошчирд», «башгирд» ва «башгурд» ёд шудаанд. Онхо дар асрхои 10-13 ба хайати Волгаи Булгория дохил мешуданд ва дар биёбонхои сохили Бахри Каспий, байни дарёхои Волга ва Ёиик зиндагони мекарданд. Бошкирдхо дар замони кабл аз ислом бутпараст будаанд. Дертар ба ин сарзамин дини ислом ва хатти араби ворид шуд. Соли 1229 ба Бошкирдистон мугулхову тоторхо хамла карданд ва он дар давоми 2 аср тобеи Урдаи Тилои буд. Дар нимаи 2-юми асри 15 кисми чануб ва чануби шаркии Бошкирдистон тобеи Урдаи Тилои Нугай, кисми гарбиаш зе­ри истилои хонигарии Казон ва кисми шимолиаш дар ихтиёри хони Сибир карор дошт. Соли 1557 баъди торумори хонии Казон кисми бештари худуди Бошкирдистон ихтиёран ба хайати Руссия дохил шуд ва баъд аз ин чангхои торочгаронаи байни кабилахо катъ гардид, бошкирдхо аз хучуми мардумони кучии хамсоя эмин шуданд ва барои рушди иктисоду маданият шароити мусоид фарохам омад. Халки бошкирд асосан дар асри 16 ташаккул ёфт. Зулми феодали ва мустамликави, сиёсати зуран русгардони (ба ди­ни насрони)-и ахолии махалли аз тарафи Руссияи подшоххи боиси кахру газаб ва норозигии оммаи бошкирд ва сабаби шуришхои бузург (асрхои 17-18) гардиданд. Бош­кирдхо дар Чанги дехконон бо сардории Е. И. Пугачёв фаъолона ширкат намуданд. Солхои 1798-1865 дар Бошкирдистон усу­ли идоракунии кантони чори шуд, ки зимни он бош­кирдхо ба табакаи махсуси харбиён табдил ёфтанд. Баъди бархам додани усули кантони як кисми заминхои Оренбург ба губернили Уфа, ки нав таъсис ёфта буд, дода шуд. Баъди инкилоби Феврали ва Октябри 1917, декабри 1917 Мачлиси муассисони Бошкирдистон хукумати махаллиро таъсис дод. Июли 1918 чеххои сафед ва гвардиягиёни сафед Челябинск, Уфа ва Оренбургро ишгол намуданд, хукумати гвардия­гиёни сафед ва эсерхо ташкил шуд. Декабри 1918 бо карори хукумати олии Руссия Артиши Сурх дар Бошкирдистон ба мукобили сипохиёни гвардиягиёни сафеди Колчак хучум на­муда, онро торумор карданд. Марти 1919 Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Бошкирдистон (аввалин чумхурии мухтори шурави дар хайати ЧШСФР) таъсис ёфт ва пойтахташ шахри Стерлитамак гардид. Июни 1922 худуди Бошкирдистон аз хисоби уездхои губернияи Уфа васеъ карда шуда, пойтахт ба шахри Уфа кучид. 11 октябри 1990 Шурои Олии ЧМШС Бош­кирдистон истиклоли давлатиро ба даст овард. Аз феврали 1992 Республикаи Бошкортостон ном гирифт.

Иктисодиёт. Бошкирдистон мамлакати индустриявию аграрии тараккикардаи Руссия мебошад. Хачми ММД ба хиссаи махсулоти саноат 49,6 дарсад, сохаи кишоварзи ва чангалларвари 8,2 дарсад рост меояд. Бошкирдистон яке аз минтакахои истехсолу коркарди нафти Руссия ва маркази мухимми саноати кимиё ва мошинасози мебошад. Заводхои кор­карди нафт дар Уфа, Салават ва Эшимбои, заводхои коркарди гази табии дар Туймази ва Приютово чой гирифтанд. Саноати коркарди чуб, филиззот ва масолехи бинокори низ ривоч ёфтааст. Марказхои мухимми саноати мамлакат шахрхои Уфа, Стерлитамак, Эшимбой, Салават, Нефтекамск, Туймази, Октябрский, Белореск мебошанд. Дар Бошкирдистон ба микдори зиёд галла ва махсулоти хуроки чорво, гандум, чавдор, сули, марчумак, арзан ва зироати лубиёи, инчунин лаблабуи канд парвариш карда мешавад. Сохаи асосии чорводори парвариши гови гушту ширдех, гусфанди гушту пашмдех, инчунин парвариши бузу аспхои хушзот аст. Дар Бошкирдистон занбурпарвари низ ривоч ёфта, аз чихати зиёд кардани оилаи занбур, истехсоли асали аълосифат дар Руссия чойи аввалро ишгол мекунад. Инчунин Бошкирдистон бо истехсоли шир, гушт, тухм, галладона ва картошка машхур гаштааст. Бошкирдистон асосан бо 90 мамлакати дунё робитаи тичоративу иктисоди дорад. Шарикони тичоратиаш Чехия, Бри­танияи Кабир, Казокистон, Нидерландия, Хитой, Лихтенштейн, Олмон, Финландия ва Украина буда, асосан махсулоти кимиёи ва нафт содир мекунад. Истехсоли неруи барк 25 млрд кВт соатро ташкил мекунад, ки 90 дарсади он дар НБО ва бокимонда дар НГБ, ки асосан бо газ кор мекунанд, ба даст оварда мешавад. НБО-и бузургтарин Юмангузинск (иктидораш 45 МВт).

Дар Бошкирдистон сохаи сайёхи таракки кардааст, ки соле то 400 хазор сайёх барои истирохат ва муолича меоянд. Аз соли 1991 ширкати «Роххои хавоии Бошкирдистон» фаъолият дорад. Аэропорти бузургтарини Бошкирдистон дар шахри Уфа чойгир аст. Бошкирдистон бо мамлакатхои Юнон, Хитой, Амороти Муттахидаи Араб ва Туркия хатти сайри хавои дорад. Наклиёти асосии Бошкирдистон рохи охан буда, тарики он бо шахрхои Самара, Челя­бинск, Оренбург, Уляновск мепайвандад. Дарёхои киштигардаш – Белая (Ок Идил) ва Уфа. Аз Туймази – Уфа, Эшимбой – Уфа ва Эшимбой – Орск лулахои нафту газ (4,5 хазор километр) мегузаранд. Дарозии роххои автомобилгард 25 хазор километр.

Тандурусти. Дар Бошкирдистон 214 муассисаи тандурусти, 430 дармонгоху бунгохи тибби ва зиёда аз 2 хазор бунгохи фелдшериву акушери ба ахоли хидмат мерасонанд. Дар Бошкирдистон зиёда аз 50 чашмаи обхои маъдани, лойкаи табобати, обхои гарми зеризамини ба кайд гирифта шудааст, ки дар за­минаи он осоишгоххои иклими, табобаггоххо («Асси», «Ёнгантов», «Юматово», «Яктикул», «Красноусолск», «Олховка», «Венетсия», «Агидел», «Берёзка») бунёд шуда, ба­рои муоличаи беморихои бугумдард, силсилаи асаб, меъдаву руда, чигару гурда, рохи масонаву талхадон, дилу раг, роххои нафас ва беморихои пуст пешниход мешаванд.

Маориф ва маданият. Соли 2013 дар сохаи маорифи Бошкирдистон 3,4 хазор муассисахои гуногуни таълими фаъолият дошта, дар онхо зиёда аз 871,7 хазор кудакро 161,5 хазор омузгор дарс медоданд. Хамчунин, дар мамлакат 1644 муассисаи томактаби (аз чумла, 12 муассисаи хусуси) мавчуд буда, 25 муассисаи томактабии нав бунёд гардид. Дар муассисахои таълимии Бошкирдистон таълим ба забонхои бошкирди, руси, тотори, чуваши, марийги, удмурди, олмони, украини ба рох монда шудааст. Китобхои дарси ба талабагон ройгон дода мешавад. Дар Бошкирдистон сохаи маориф бо конунхои махсус танзим мегардад. Аз соли 2012 тибки лоихаи афзалиятноки миллии «Маориф» барои мураббиёну омузгороне, ки шогирдони онхо дар олимпиадахо, фестивалхо, мусобикахои варзиши, озмунхои минтакави, умумируссияви ва байналмилали голиб меоянд, мукофотхои пули мукаррар карда шудааст. Ба­рои шогирдони аълохону фаъоли синфхои ибтидои идрорпули (стипендия)-и хукумати мамлакат таъсис дода шудааст. Маълумоти касби дар мактабхои махсуси техники, бадеи, кишоварзи, тибби ва гайра, ки ба барномаи комили мактаби миёна асос ёфтаанд, омузонда мешавад. Дар Бошкирдистон донишгохи давлати, донишгохи тибби, Донишгохи педагогии ба номи М. Акмулла, Донишгохи авиатсиони – техникии Уфа, академияи ичтимои – омузгори, Академияи давлатии педа­гогии ба номи Зайнаб Биишева фаъолият доранд.

Адабиёт. Фолклори мардумии бошкирдро хамосахо, достонхои таърихи, сурудхои мардуми ва афсонаву киссаву ривоятхо ташкил медиханд, ки дар аввали асри 19 (асосан аз тарафи олимони рус) сабт ва нашр шудан ги­рифтанд. Дар шеъру сурудхои озодихохонаи Салават Юляаев хаёти мардум тараннум мегардид. Нависандагони асрхои 18-19 (Б. Т. Ялсигул, Гали Сокрий, Ш. Я. Заки, Г. Солехов) асосан ашъори динию ахлоки эчод мекарданд.

Дар арафаи Инкилоби 1905-07 Мачид Гафури ба арсаи адабиёт кадам нихода, тараннумгари инкилоб эътироф карда шуд. Мачмуаи «Парчами Сурх»-и у ба лирикаи инкилобии мардуми бошкирд замина гузошт. Асархои М. Гафури ба хазинаи тилоии адабиёти бошкирд ва тотор ворид гардид. Ба адабиёти шуравии бошкирд адибон Д. Юлтий, С. Кудаш, Г. Гумер, Б. Эшемгул, И. Носири, Т. Янаби, Х. Иброхимов асос гузоштанд. Охири сол­хои 20-уми асри 20 нависандагон С. Агиш, Г. Амантай, А. Карнай, Р. Неъмати, Б. Валид, Г. Хайри, С. Мифтохов, Б. Бакбай ва дигарон ба арсаи адабиёт ворид шуданд. Дар рузномахои харби аввалии асархои шоирон Шамун Фидои, Ярли Карим, мунаккид Ш. А. Худойбердин ба нашр расиданд. Солхои 30-юм адабиёти бошкирд бо рохи реализми сотсиалисти таракки кард. Дар замони ЧБВ (1941-45) назм ривоч ёфт. Адибон С. Кудаш, Рашид Неъмати, Х. Карим, М. Карим ва дигарон бештар дар мавзуи чанг шеърхо эчод мекарданд.

Солхои баъди чанг наср инкишоф ёфт, Повесту романхои X. Давлатшина, С. Агиш, 3. Биишева, К. Мэргэн, А. Вали, А. Бикчентаев, С. Ф. Кудаш эчод шуданд. Повести С. Ф. Кудаш «Ба истикболи бахор» (1952) ба муносибати дустии ади­бон Габдулло Тугай ва Мачид Гафури эчод шудааст. Дар сохаи танкиди адаби, драматургия, адабиётшиноси, адабиёти бачагона низ пешравихо ба даст оварда шуданд. Нависанда­гон Н. Начми, X. Гиляжев, Г. Рамазонов, Т. Арслон, И. Абдуллин, Н. Асанбоев, М. Гали, М. Каримов ва дигарон аз чумлаи асосгузорони адабиёти муосири бошкирд мебошанд. Эчодиёти шоири мардумии Бошкирдистон Мустай Карим ба аксари забонхо тарчумаву маълум гардидааст.

Меъмори ва санъати тасвири. Манзилгохи бошкирдхои чорводор асрхои зиёд юртхои васлшавандаи намади (тирмэ) ва чайла (каппа) дар минтакаи кухистон буд. Баъди ихтиёран ба Руссия хамрох шудани мардуми бош­кирд дар биносозии иншоотхои мазхаби (масчидхо, маркадхо ва оромгоххо) таъсири санъати меъмории рус ва булгорхо ба назар мерасад. Баробари бинохои чубин хонахои сангин низ пайдо шуданд. Дар худуди Бошкирдистон катибахои руйисангии кадимтарини даврони палеолит (дар минтакаи Шулган-Тош), дар дафинаву кургонхо микдори зиёди зарфхои сафолии сернакшу нигор, ашёи ороишии филиззии накшин ва расми хайвонот бозёфт шудааст. Дар асрхои 16-18 шахрхои Стерлитамак, Белебей, Бирск, Уфа бунёд гашта, дар замони муосир азнавсози карда шуданд. Дертар шахрхои Эшимбой, Октябрский, Кумертов, Салават, Туймази, Нефтекамск, Агидел, Белореск бунёд шуданд. Солхои 30-40 асри 20 бунёди иморатхо бо услуби меъ­мории классики (Касри фарханги ба номи С. Орчоникидзе, Хонаи Саноат ва гайра) ба хукми анъана даромад. Сол­хои 60 асри 20 сохтмони бинохои замонави (Театри ака­демии драмаи Бошкирдистон, Сирки давлати, Касри варзиш дар шахрхои Уфа, Октябрск, бинохои баландошёна дар шахрхои Уфа ва Салават) авч гирифт.

Аз замонхои кадим дар миёни бошкирдхо хунархои мардуми – кашидадузи, гулдузи, бофандаги, накшдузи дар руйсари (руймол), дастмол, колин ва парда, заргари, кулоли, чармгари ва кандакори дар чуб ривоч ёфта, то имруз ин анъана идома дорад. Дар ташаккули санъати тасвирии Бошкирдистон накши бузургро рассомони тоинкилоби бозидаанд (намоишгохи соли 1916 дар шахри Уфа). Нахустин рассомони бошкирд К. А. Давлаткелдиев, М. Н. Елгаштина, А. Э. Тюлкин, А. П. Лежнев ва дигарон мебошанд. Соли 1920 дар шахри Уфа осорхонаи санъат, соли 1926 омузишгохи санъат таъсис ёфт.

Мусики. То Инкилоби Октябр мусикии бошкирди танхо бо эчодиёти мардуми робита дошта, сурудхои мардумиаш асосан яковоза буданд.

Асбобхои мусикии мардумии Бошкирдистон – курай (найи дарозй монанд ба найи чупони), гармон ва кубил (навъе аз созхои мусикии чуби ё охани). Дар Бошкирдистон фарханги мусикии касби баъди баркарор шудани Хокимияти Шурави рушд кард. Асархои охангсозон З.  Исмоилов, X. Ахмадов, Р. Муртазин, Н. Собитов шухрат доштанд. Соли 1938 дар шахри Уфа театри мусикии Бошкирдистон (аз соли 1941 Театри опера ва балет), филармония ва оркестри асбобхои мардуми ташкил ёфт. Дар заминаи пайванди мусикии мардумии анъанави ва аврупои, пеш аз хама мусикии классикии рус сабки хосси мусикии миллии бошкирди ба вучуд омад. Солхои 40 асри 20 аввалин операшхои бошкирди «Хакмар», «Мергэи» (Нишонзани мохир) «Карлугас» (Парасту) ва гайра руйи сахна омаданд. Театри касбии бошкирди баъди Инкилоби Октябр ташкил ёфт.

Театр. Соли 1919 дар Стерлитамак аввалин театри милли ба фаъолият огоз кард ва аз соли 1922 он ба Театри академии драмаи Бошкирдистон табдил дода, ба шахри Уфа кучонда шуд. Дар ин театр аз солхои 30 то имруз асархои драматургони бошкирд ба сахна гузошта мешаванд. Дар сахнахои теат­ри сайёри Бошкирдистон драмаи М. Буронгулов «Ашкадар» (1920) ва мазхакаи мусикии драманавис ва охангсоз X. К. Иброхимов «Кафшак» руйи сахна омаданд. Дар Бошкирдистон театрхои руси (Уфа, Стерлитамак), театри драма (Сабай ва Салават), театри лухтак (Уфа) мавчуданд. Соли 1968 дар шахри Уфа донишгохи санъат ба фаъолият огоз намуд. Дар байни арбоби хунари Бошкирдистон Артисти халкии ИЧШС А.К. Мубоков, Артистони халкии Федератсияи Руссия 3. И. Бекбулатов, Г. И. Мингалиев, А. К. Зубаиров ва гайра бо махорати хоссаи хеш машхур гашта буданд.

Воситахои ахбори умум. Бошкирдистон матбуоти даврии тараккикарда дорад. Машхуртарин нашрияхо – газетахои «Башкор­тостан», «Республика Башкортостан», «Кизил-Тан», «Мо­лодёжная газета» ва мачаллаи «Ватандош». Шабакаи телевизионии мохворавии шабонарузи фаъолият дошта, барномахои он ба забонхои руси ва бошкирди пахш мешаванд.

Адабиёт: Писатели Советской Башкирии. Уфа, 1955; Хисматов М. Ф. Очерки по географии Башкирии. Уфа, 1963; Очерки по истории Баш­кирской АССР. Т. 1 (ч. 1-2)-2. Уфа, 1956-66; Авижанская С. А., Бикбулатов Н. В., Кузеев Р. Т. Декоративно-прикладное искусство башкир. Уфа, 1964; Большая советская энциклопедия. Т. 3.3 изд. Москва, 1970; Новая российская энциклопедия. Т. 2. Москва, 2005.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …