Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОРН Макс

БОРН Макс

born-maksБОРН Макс (11.12.1882, Бреслау – 5.1.1970, Гёттинген), физик ва риёзидони олмони ва англис, яке аз асосгузорони механикаи кванти. Дар лабораторияи Ч. Лармор ва Ч. Ч. Томсон кор кардааст (1907-08, Кембрич). Доираи тахкикоти Борн асосан татбики назарияи квантии А. Эйнштейн дар чисмхои сахт ва сохти атом, назарияи риёзии механикаи кванти ва шархи омории он (бо хамрохии В. Хайзенберг ва П. Иордан), назарияи нисбият, назарияи динамикаи панчараи кристалли (1913-15 бо хамкории М. Лауэ), назарияи бархурди микрозарра ва гайраро дар бар мегирад. Борн баъди хидмат дар сафи артиши Олмон профессори Донишгохи Франкфурта лаби Майн буд ва мафхуми мухимми термодинамикии «энергияи панчара»-ро кор карда, дар асоси он як катор собитахои физики ва кимиёиро муайян намуд (1919). Аз соли 1921 профессори Донишгохи Гёттинген. У тафсири функсияи зичии эхтимолиятро дар муодилаи кван­тии механикии Шрёдингер кашф кард, ки минбаъд «тафсири Копенгаген» ном гирифт ва барои ин тахкикот (якчо бо Валтер Боте) сазовори мукофоти Нобел дар сохаи физика гардид (1954). Борн. тарзи хисобкунии чилди электронии атомро муайян кард ва усули такрибии наза­рияи бархурди микрозарраро пешниход намуд, ки бо номи у машхур аст (1926). Ба механикаи кванти мафхуми «оператор»-ро дохил кард (1926, бо хамкории Н. Винер). Соли 1933 ба Англия куч бает ва дар Донишгохи Кембрич ба хайси омузгор кор кард. Солхои 1936-53 профессори фалсафаи Донишгохи Эдинбург. Пас аз шахрванди Британияи Кабир шудан узви Чамъияти илмии шохи гардид (1939). Борн бештар аз 350 рисолаи илми, аз чумла 20 китоби илмию оммави таълиф кардааст. Дар сохаи фалсафаи илм низ чандин пажухиш дорад. Бо медали Макс Планк сарфароз гардидааст (1948).

Осор: Атомная физика. Москва,  1965. 

А. Комили. Д. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …