Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОРИ АМОНАТ

БОРИ АМОНАТ

kuronБОРИ АМОНАТ амонати раббони, амо­нати рубубият, истеъдоди фитри ва худодод, ки одами ба туфайли он ба мартабаи баланди камолот, аз чумла шинохт ва дустии Худованд расад. Манбаи Бори амонат «ояти амонат» (Куръон: 33:72) ба шумор меравад: «Мо ин амонатро бар осмонхо ва замин ва куххо арза доштем, пас аз бардошти он бознишастанд ва аз он тарсиданд ва одами онро бардошт, хамоно у ситамгори нодон буд». Дар таф­сири ояти мазкур овардаанд, ки инсон аз чигунагии амо­нат ва фоидахои он суол кард ва чун посух гирифт, ки ба­рои адои он подош меёбад ва барои радди он укубат, онро пазируфт, аммо саранчом дар адои он хиёнат кард ва маълум гашт, ки у бар нафси худ ситамгор ва ба амри илохи нодон аст. Ситамгори ва нодонии инсон гуногун таъбир шудааст. Чунончи, орифон инро боиси таъни ин­сон не, балки мадх ва ситоиши у арзёби карда, иброз доштаанд, ки хомили Бори амонат мебоист бар нафси худ ситамгор мебуд, аз лаззатхо, нозу неъматхо ва хохишу орзухо худдори мекард ва нодон мебуд, ба он маъно, ки гайри Хакро намедонисту намешинохт, то метавонист, ки бори гарони амонати раббониро бардорад.

Тафсири «амонат» аз чониби бештари уламо чанбаи ибодати ва ё маънои ичтимои, сиёси ва ахлоки дорад. Машхуртарин таъбирхои уламои дин аз ин калима таф­сири он ба маънои дин, худуд, таклифхои шаръи ва фароизи дини, амру нахйи Худованд аст. Тафсири «амонат» ба маънои нигох доштани фарч аз харом, канорачуи аз фиску фучур, дорои чанбаи ахлоки; тафсири «амонат» ба маънои адолат ва адл дорои чанбаи ичтимои-сиёси мебошад.

Аз дидгохи ирфони танхо инсон Бори амонатро бардошта ме­тавонист; ба хамин хотир у камол ёфта, аз хамаи мавчудоти коинот баргузида шуд, ба мархалаи шинохту маърифат расид ва ба чомеияти асмову сифоти илохи даст ёфт. Инсони нотавон Бори амонатро, ки хатто фариштагон аз бардоштанаш саркаши карданд, ба лутфи Хак ва бо химмати худ бардошт. Хамин амр сабаби фазилати у бар фариштагон ва тамоми офаридагон гардид. Ба андешаи Майбуди сабаби Бори амонатро бардоштани «одамизоди пусте дар устухоне кашида» бебокию мардонаги, химмат ва сохиби дил будани уст. Осмон ва Замин ба бузургии бор нигариста, аз бардоштани он сар во заданд, аммо инсон ба каримии нихандаи амонат нигарист. Бори амонат каримон ба химмат кашанд, на ба кувват».

Ба таври кулли дар бузургии шаъни Бори амонат уламои дин ва орифон иттифоки назар доранд, аммо дар фахмиши мохияти ин таъбир, маком ва мавкеияти инсон дар мавриди он дидгоххои онхо мухталиф ва баъзан комилан мухолиф будаанд. Орифон низ дар бисёр мавридхо амонатро шомили хамон маънохо (вочибот ва фароизи дини, амру нахйи илохи) донистаанд. Хатто таъбири ирфонии амонат ба маънои сирри тавхид ё асрори илохи ва нури мухаммади бо тафсирхои уламо мутобикат дорад. Ихтилофи назари чахонбинии ирфони ва уламо дар масъалаи амонат дар мавриди дидгоххои хосси инсоншиносии онхо намоён мегардад. Аз дидгохи орифон инсон ба амонат хиёнат накарда, балки Бори амонатро бар душ дорад, ки худ нишонаи бузургию азамати шаъни инсон аст. Чунин дидгох аз назари баъзе уламои дин дар ин масъала ба кулли тафовут дорад.

Назди бисёр орифон, хусусан Ибни Араби ва пайравонаш, амонат хамчун ишк тафсир шудааст. Ишк омили пайдоиши чахон ва сабаби зухури сурати унсурии инсоне аст, ки чомеи чамии сифот ва асмои чалоли ва чамоли буда, онро метавон ба хайси мазхарияти камол ва чоме­ияти сурати инсони таъбир кард. Яъне, на хама гуна инсон шоистаи бардошти Бори амонат аст, балки он хосси тоифаи махсуси инсонхост: инсони халифа ё инсони комил, ки анбиёву авлиё аз он чумлаанд. Аз нигохи гурухе аз суфиён, азбаски яке аз хосиятхои ишк бало аст, пас, он низ амонати раббонист.

Хофизи Шерози дар газале бо истифода аз санъати талмех ба Бори амонат ишора кардааст:

Осмон бори амонат натавонист кашид,

Куръаи кор ба номи мани девона заданд.

С. Махмадуллох.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …