Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ ХИСОББАРОБАРКУНИХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

БОНКИ ХИСОББАРОБАРКУНИХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

sberegatelniy-bankБОНКИ ХИСОББАРОБАРКУНИХОИ БАЙНАЛМИ­ЛАЛИ, муассисаи байналмилалии молияви, ки барои мусоидат намудан ба хамкории байналмилалии асъори дар сатхи бонкхои марказии давлатхои дар фаъолияти он ширкаткунанда таъсис ёфтааст. Бонки хисоббаробаркунихои байналмилали  соли 1930 аз чонибн кишвархои Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса ва Итолиё хамчун бонк-хамохангсози хисобу китобхои байналмилали оид ба пардохтхои репаратсияхое, ки Шартномаи сулхи Версал мукаррар намудааст, таъсис дода шуда­аст. Айни хол кароргохи Бонки хисоббаробаркунихои байналмилали хамчун чамъияти сахомии байналмилали дар Базел буда, дар доираи хукукии Швейсария фаъолият дорад. Дар сармояи он хукуматхои хамаи давлатхои Аврупо (ба истиснои давлатхое, ки пас аз пошхурии Иттиходи Шурави таъсис ёфтаанд) иштирок менамоянд. Намояндагони давлатхои ИМА, Чопон ва Канада дар чаласахои хармохаи Раёсати БХКБ ширкат меварзанд. Фаъолияти Бонки хисоббаробаркунихои байналмилали ба таъсиси Клуби Базел, ки «чойи мулокот»-и мусоид барои намояндагони сохторхои гуногун ме­бошад, боис гардид. Клуби Базел ташаббускори бисёр созишномахои мухимми байналмилали дар сохаи фаъолияти молияви мебошад.

Адабиёт: Оймахмадов М., Рахимов Ш., Рахматова Г. Фарханги истилохоти байналмилалии бонкдори. Душанбе, 1999. Britanica. Настольная эн­циклопедия. Москва, 2008; Егоров А. В. Международная финансовая инфраструктура. Москва, 2008; Рахимзода Ш. Муомилоти пули ва карзи. Душанбе, 2008.

Ш. Рахимзода.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.