Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНДАРЧУК Сергей Фёдорович

БОНДАРЧУК Сергей Фёдорович

bondarchukБОНДАРЧУК Сергей Фёдорович (20.9.1920, дехаи Белозёркаи вилояти Херсони Украина – 20.11.1994, Мас­кав), коргардони кино, хунарпеша ва сенариянависи шу­рави, Артисти халкии ИЧШС (1952), Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1980). Хатмкардаи Омузишгохи театрии шахри Ростов (1941) ва факултаи актёрии Институти давлатии умумииттифокии маданияти шахри Маскав (1948). Ширкатдори Чанги Бузурги Ватани (1941-45). Накши аввалинро дар кинофилми «Гвардияи чавон» (Волко) бозидааст. Бондарчук накшхояшро мохирона бозида, образхои барчаста офаридааст. Бехтарин накшхояш: Тарас Шевченко («Тарас Шевченко», 1951), Тихон Прокофев («Адмирал Ушаков» ва «Киштихо ба калъа хучум ме­кунанд», хар ду – 1953), Иван Франко («Иван Франко», 1956), партизани сурх Фёдор дар филми итолиёии «Дар Рум шаб буд», 1960), Мартин («Мухориба дар Неретва», 1969) ва гайра. Дар филми бадеии «Ходиса дар фурудгох» («Точикфилм», 1988) накши генерал Токаренкоро бозида­аст. Чун коргардон асари М. Шолохов «Кисмати инсон»- ро гузошта, худ накши Андрей Соколовро бозидааст. Ба­рои офаридани филми «Кисмати инсон» ба Бондарчук Мукофоти ленини (1960) дода шуд. Яке аз корхои барчастаи Бондарчук чун коргардон филми 4-кисмаи «Чанг ва сулх» аз руйи романи Л. Н. Толстой мебошад (1967). Дар ин филм Бондарчук накши Пйер Безуховро бозидааст. Ба кисмхои 1-ум ва 2-юми ин филм Мукофоти Калони Кинофестивали чоруми умумичахони дар Маскав, ба кисмхои 1-4 мукофоти Академияи санъати кино ва илми Амрико – «Оскар» (1969) дода шудаанд. Бондарчук муаллифи сенария ва коргардони филмхои бадеии «Чанг ва сулх», «Ветерлоо», «Онхо барои Ватан чангидаанд», «Дашт», «Зангулахои сурх» (филмхои 1 ва 2), «Борис Годунов» ва коргардони филми «Дони Ором» (нотамом) мебошад. Аз соли 1974 дар Институти давла­тии театру кинои Маскав аз махорати актёри дарс додааст. Хунарпешагони халкии Точикистон А. Рахматуллоев, С. Сабзалиева, Ю. Юсуфов шогирдони Бондарчук мебошанд. Дорандаи Мукофоти давлатии РСФСР ба номи бародарон Василевхо (1977; барои филми «Онхо барои Ватан чангидаанд»), Мукофоти давлатии ЧШС Украина ба номи Т. Г. Шевченко (1982), Мукофоти давлатии ИЧШС (1984; барои филми «Зангулахои сурх»). Бо орденхои Ленин, Байраки Сурхи Мехнат сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.