БОМАХРАМА Абумахрама, хонадони донишмандоне аз ахли Хазрамавти Яман дар асрхои 15-16. Намоёнтарин аъзои ин хонадон, ки дар фикх, хадис, таърих, шеър ва тасаввуф номоваранд, инхо мебошанд:
- Абутаййиб Афифуддин Абдуллох ибни Ахмади Химярии Шайбони (1430-1498), факех ва адиб. Бинобар дониши густарда ва сарохати гуфтор мавриди алока ва эхтироми оммаву хосса, аз чумла сарсилсилаи тохириёни Яман Али ибни Тохир карор гирифта буд. Бо хохиши вай мансаби казо (козиги)-и шахри Аданро бо кайди баъзе шартхо пазируфт, лекин дар ин мансаб чанд мохе фаъолият карду аз рохи дарё ба шахри Шихр фирор кард ва сипас аз он чо ба ватани худ панох бурд. Саранчом Али ибни Тохир узри Абутаййибро пазируфт ва уро ба Адан баргардонд. У дар Адан то охири умр ба кори илми машгул гашт; дар хамон чо даргузашт ва дар шафати оромгохи устодаш Бошкил ба хок супурда шуд. Абутаййиб дар мавзуъхои гуногун таълифот дорад. Аз чумла, «ал-Фатово» дар фикх; «Умнияту-т-томеъ» дар чабр ва мукобала; шархе бар «ал- Мулха»-и Харири; накде бар «Чомеъу-л-мухтасарот»-и Насои; накде бар «Алфия»-и Ибни Молик; инчунин рисолахое дар илми хайъат.
- Абумухаммад Абдуллох Таййиб ибни Абдуллох ибни Ахмад (1466-1540), адиб, факех ва таърихнигор. Шоирдони бисёре тарбия кардааст. Ба кавле, бинобар тангдасти ва аёлманди аз ноилочи муддате мансаби казои Аданро пазируфт ва чанде муфтии Адан буд. Дар боби таърихи Адан ва шархи ахволи бузургон, аз чумла донишмандону амирони он китобе иборат аз ду кисм ба номи «Таъриху-с-сугури Адан» таълиф кардааст, ки аз мухимтарин ва муътабартарин осори таърихнигории махалли ба шумор меравад. Асари дигари у «Килодату-н-нахри фи вафаёти аъёни-д-дахр» шомили шархи ахволи иддае аз шахсиятхои маъруф аз нахустин солхои хичри то соли 927 х. к. буда, то андозае китоби «Миръоту-л-чинон»-и Ёфеъиро такмил бахшидааст. «Муштабаху-н-нисба ила-л-булдон»-и у (бо номхои «Асмоу-л-булдон» ва «ан-Нисбату ила-л-мавозиъ ва-л-булдон» низ ёд мешавад) китобест дар баёни мансубон ба шахрхо. Муаллиф сабаби таълифи онро нопайдо будани асари чомеъе дар ин замина арзёби кардааст. Аз осори ёфтнашудаи у ба «Асмоу ричоли муслим», шархи «ат-Танбих»-и Абуисхоки Шерози, шархи «Сахех»-и Муслим метавон ишора кард.
- Умар ибни Абдуллох ибни Ахмад (1479-1545), факех, суфи ва шоир. Дар Хичрин ба дунё омада, хамон чо касби камол кард. Нуфузи дини ва сиёси-ичтимоии у ба хадде расид, ки бо давлатмардони Давъан ва Хичрин даргир шуд, аз ин ру, султон Бадри Кусайро уро се бор ба Шихр бадарга кард. Умар факехе маъруф буд, вале баъди шиносои бо Абдуррахмон ибни Бохурмузи суфи (фавт 1508) тахти таъсири у ба тасаввуф гаравида, аз муридони хосси у гардид. Як сол кабл аз вафоти пири худ аз дасти у хирка пушида, то охири умр дар Севун халифааш шуд. Дар Севун даргузашт ва маркадаш дар он чо зиёратгохи ихлосмандон гардид. Шояд сабаби аслии бадаргашавии Умар хам хамин гароиши шадиди у ба тасаввуф бошад. Ашъори омиёнаи Умар мавриди таваччухи хоссу ом, хатто дар замони имруз низ карор гирифтааст. Аз девони ашъораш нусхахои зиёде дар Яман ва Макка мавчуд аст. Аз дигар осори мансуб ба Умар метавон ба «Шарху асмоил- лохи-л-хусно», «ал-Матлабу-л-ясир мина-с-солики-л-факир», «ал-Вориду-л-кудсийю фи шархи ояти-л-курсийи» ишора кард.
- Абдуллох ибни Умар (1501-1565), факех ва хайатшинос. Дар улуми мухталиф, аз чумла хайат, таърих, шеър ва хусусан фикх сохибназар буд ва дар халли масоилу мушкилоти печидаи фикхи хамто надошт, хатто уро «Шофеъии сагир» мехонданд. Соли 1537 мансаби казои Шихрро пазируфт, вале сипас курсии устодиро бар ин мансаб авло дониста, ба Адан бозгашт ва то поёни умр хамон чо зист. Зимни адои мансаби ифто (фатводихи) назорати умури авкофи се мадрасаро ба ууда дошт. Дар улуми мухталиф таълифоти зиёде дорад. Аз чумлаи осори уст: «Рисола фи-л-амали би-р-рубъи-л-мучаб», шархи «ар-Рахбия фи-л-фароиз», «ал-Фатово-л-адания» ё «ал- Фатово-л-хичрония», «ал-Лумъа фи илми-л-фалак», «Набзатун фи илми-л-фалак».
С. Махмадуллох.