Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЯЗИДИ ПУРОНИ

БОЯЗИДИ ПУРОНИ

boyazidi-puroniБОЯЗИДИ ПУРОНИ шоир ва хаттоти точик (асри 16). Ачдодаш аз бузургони шахри Хирот шайхони шинохтаву номвар буданд. Барои такмили илму до­ниш ва хунари хаттоти ба Бухоро омад. Тазкиранигор Нисори дар «Музаккиру-л-ахбоб» аз у чун хаттоти мохир ёд кардааст. Хафт навъи хатро хуб менавишт. Аз навиштахои у барои ороиши масчидхои Бухоро истифода ме­карданд. Ба сабаби тангдасти ба Хиндустон рафт ва он чо низ чун шоири тавоно маъруф буд. Дар хамон чо даргузашт. Аз девон доштанаш тазкиранигорон иттилоъ надодаанд, вале уро чун газалсарои забардасти замон эътироф кардаанд. Дар тазкирахову баёзхо намунахои ашъораш сабт аст. Абёти зерин аз уст:

На он хишт аст бар хам кабрхои дардмандонро,

Казо бар якдигар чидаст дафтархои хичронро.

***

Аз рахи дайрам ба масчид зохиде ногох бурд,

Ман намерафтам бад-он чо, у маро аз рох бурд.

Адабиёт: Нисорий Хасанхожа. Музаккири ахбоб (Дустлар ёдномаси). Тошкент, 1993.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.